Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин ҳавопаймо дар Лондон фуруд омад


Нахустин ҳавопаймо пас аз чанд рӯзи баста будни фазои Аврупо дар фурудгоҳи Ҳитроуи Лондон, яке аз калонтарин марказҳои ҳавонавардӣ, фуруд омад. Ширкати "Бритиш Эйрвейз" изҳори умедворӣ кард, ки 24 парвози дигар аз Иёлоти Муттаҳида, Африқо ва Осиё низ бе зиёне дар ин фурудгоҳ поин хоҳанд шуд. Имрӯз аксари фурудгоҳҳо дар Аврупо боз шуданд, вале олимон аз партови нави вулқони Исландия дар ҳаросанд. Ба ақидаи онҳо филизе, ки дар таркиби абри хокистар ҳаст, бо ворид шудан ба муаррики ҳавопаймоҳо об шуда, ба ҳам меояд ва ҳавопайморо аз кор мебарорад. Миллионҳо нафар дар фурудгоҳҳи дунё панҷ шабонарӯз дармонданд ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз баста шудани масирҳо садҳо миллион доллар зиён диданд.
XS
SM
MD
LG