Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Текебоев: "Боқиев бояд ба Бишкек истирдод шавад"


Омурбек Текебоев, муовини раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон, изҳор намуд, ки Бишкек аз Минск хостори истирдоди Қурмонбек Боқиев ба Қирғизистон хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, пайвандон ва ҷонибдорони раисиҷумҳури пешин талош доранд, ки вазъро дар кишвар ноором ва ҷанги шаҳрвандиро ташкил кунанд. Ҳамзамон Текебоев гуфт, ки ҳузури Боқиев дар Минск ба равобити миёни Қирғизистон ва Белорус латма нахоҳад зад.
Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, имрӯз изҳор намуд, ки Қурмонбек Боқиев, раҳбари барканоршудаи Қирғизистон ва аҳли хонаводааш айни ҳол дар Минск ба сар мебаранд. Дирӯз хабаргузориҳо навиштанд, ки Боқиев Қазоқистонро тарк намуд ва аммо то шоми имрӯз ба кадом кишвар рафтанаш маълум набуд.
XS
SM
MD
LG