Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулини ҳукумати ноҳияи Ховалинг аз ҳукумати марказӣ хоҳиш кардаанд, то фаъолияти кони тиллои Шукновро дубора ба ихтиёри ин ноҳия вогузоранд.

Қодир Валиев, раиси ин ноҳия мегӯяд, ҳамакнун ин кони тило дар тавозуни вазорати молияи кишвар аст ва ҳукумати ноҳия ба ҷуз ситонидани андоз дигар ҳеҷ манфиате аз он кон намебинад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Валиев 60 фисади буҷаи ҳукумати ноҳия аз ҷониби ҳукумати марказӣ маблағгузорӣ мешавад ва дар сурати ба тавозуни онҳо гузаштани ин кони тило ноҳия метавонад, то ҷое худмаблағгузор бошад.

Ба қавли Валиев, ҳоли ҳозир ба ҷуз ду навъи андоз корхонаҳои фаъолияткунанда дар Шукнов, боқӣ андозҳоро ба буҷаи маҳаллӣ намесупоранд.

Ӯ мегӯяд: “Аз 17 намуди андозе, ки вуҷуд дорад, онҳо танҳо ду намудашро ба мо месупоранд. Дигар намудҳояш ба мо супорида намешавад. Агар ин кон пурра ба ихтиёри мо гузарад, манфиати ноҳия зиёдтар мегардад”.

Кони тилои Шукнов дар ҷамоати Шукнови ноҳияи Ховалинг ҷойгир аст. Ин ҷамоат дорои 5 ҳазор аҳолӣ мебошад.

Сайдаҳмад Пириев, сардори райёсати Оҷонси ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, кони Шукнов сокинонро пурра бо ҷои кор таъмин кардааст ва ҳеҷ як сокини ин ҷамоат барои кор ба Русия намеравад.

Ба гуфтаи ӯ, сокинони ҷамоати Шукнов аз ҳисоби коркарди тило дар ин кон зиндагии хуб доранд.

Аммо Абдулаҳад Нуров, як сокини ҷамоати Шукнов мегӯяд, роҳати онҳо дар паи ранҷи зиёди тилошӯӣ ба даст меояд. Ба гуфтаи тариқи даст шустани регу қуми зиёд ва аз он пайдо кардани миқдори ками тило хеле мушкил аст.

Дар ҳамин ҳол масъулин мегӯянд, таи се моҳи ахир ин кон ба миқдори 4,5 миллион сомонӣ тило истеҳсол кардааст ва аз ин ҳисоб танҳо 280 ҳазор сомонӣ андози ҳифзи иҷтимоӣ супурдааст.

Коркарди тилои Шукнов дар авохири садаи нуздаҳ аз ҷониби ҳукумати подшоҳии Русия ба роҳ монда шудааст. Тиллои Шукнов аз беҳтарин навъи тилло дар Тоҷикистон дониста мешавад.

Замони шӯравӣ тилои ин мавзеъ коркард мешуд ва мустақиман ба Русия интиқол меёфт. Масъулин мегӯянд, ҳангоми ҷангӣ шаҳрвандӣ Шукнов бо зурӣ силоҳ моли қумандонҳо буд ва эшон аз фаъолияти худ дар ин мавзеъ ба касе, ҳатто ба истилоҳи дигар назди виҷдони худ ҳисобот намедонанд.

Феълан, дар кони тиллои Шукнов 5 ширкати хусусии дохилӣ ба истихроҷи тилло шуғл доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG