Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурмонбек Боқиев вориди Минск шудааст


Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, изҳор намуд, ки Қурмонбек Боқиев, раҳбари барканоршудаи Қирғизистон ва аҳли хонаводааш айни ҳол дар Минск ба сар мебаранд ва аз ташхиси тиббӣ мегузаранд. Дирӯз хабаргузориҳо навиштанд, ки Боқиев Қазоқистонро тарк намуд ва аммо ба кадом кишвар рафтанаш маълум нест.
Дар ҳамин ҳол вазъ дар худи Қирғизистонт ноором боқӣ мемонад. Имрӯз дар деҳаи Маёвка, воқеъ дар канори шаҳри Бишкек, тақрибан 800 нафар роҳи кафили мири шаҳр Исо Омурқуловро бастанд ва талаб карданд, ки ҳукумати муваққат барои ҳар яки онҳо замин ҷудо кунад. Рӯзи душанбе бар асари бенизомиҳо дар ин деҳа панҷ нафар кушта ва беш аз 40 нафар маҷрӯҳ шуданд. Тақрибан ҳазор нафар талош карданд, ки заминҳои русҳо ва туркҳои месхетии муқими ин деҳаро ғасб намоянд. Чанд манзил ба оташ кашида шуд, даҳҳо нафар боздошт шуданд. Дар ҳамин ҳол имрӯз вазорати умури хориҷии Русия изҳор намуд, ки нооромиҳо дар деҳаи Маёвка алайҳи русҳо равона нашуда буд. Ба иттилоъи вазорат, нооромиҳо аз сӯи гурӯҳи авбошоне созмон дода шудаанд, ки мардумро барои ғасби замин дар канори Бишкек таҳрик додаанд.
Имрӯз ҳамчунин бузургтарин бозори пойтахти кишвар мавсум ба Дордой баста буд. Тоҷирони садҳо дуконҳои хурду бузург аз фурӯши молу коло худдорӣ карданд.
XS
SM
MD
LG