Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Айбдоркунандаи давлатӣ ва ҳимоякунанда - ду ҷониби асосӣ дар ҷараёни бозрасӣ ва муҳокима дар Тоҷикистон - аз ин ба пас бо шароиту имконоти баробар таъмин хоҳанд шуд.

Зеро, дар пайи ислоҳот ба Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии Тоҷикистон мақом ва салоҳияти адвокат ва ё вакилони дифоъ ба маротиб боло рафта ва ҳамакнун мақомоти тафтишот ва ё додгоҳ муваззафанд, то дар раванди бозрасӣ ва дар ҷараёни мурофиаи додгоҳ ҳатман назар ва мавқеи адвокатро ба эътибор бигиранд.

Вакилони дифои Тоҷикистон мегӯянд, тағйирот ба Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии Тоҷикистон, ки аз аввали ин моҳ ба иҷро даромадааст, дар амри ҳимояти ҳуқуқи инсон ва боло бурдани нақши вакили дифоъ мусоидат хоҳад кард.

Муҳаммадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ тағйирот дар қонуни мурофиавӣ-ҷиноятии кишварро барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрванд муҳим хонда, таъкид кард, ки додани шароити баробар ба тарафҳои асосии мубоҳисоти додгоҳӣ ва ё тафтишот имконият медиҳад, ки қарору ҳукмҳо одилона содир шаванд.



Бар асоси ислоҳоти ворида ба Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятӣ бархе аз маҳдудиятҳое,ки қаблан дар кори вакилони дифоъ ба мушоҳида мерасид аз байн бурда шудааст. Қаюм Юсуфов, як тан аз вакилони дифоъ, мегӯяд, онҳо эҳсос кардаанд, ки ислоҳот ба қонуни мазкур ба фаъолият ва махсусан мақоми онҳо таъсири мусбат гузоштааст. Оқои Юсуфов гуфт, қаблан барои ҳузури ҳатмии вакилони дифоъ дар муҳокима ва ё тафтишот касе муваззаф набуд ва имкон дошт, ки бидуни ширкати адвокат низ афрод бозпурсӣ шаванд. Вале ин қонун иҷоза намедиҳад, ки бидуни адвокат кадом амале аз сӯи бозрасон ва ё додгоҳ сурат бигирад.




Ҳодӣ Икромов, муовини яке аз раёсатҳо дар Додситонии кулли Тоҷикистон, низ таъйид кард, ки минбаъд мақоми ҳуқуқии вакилони дифоъ ва айбдоркунандаи давлатӣ баробар шудааст ва додрас наметавонад танҳо бо такя ба далоили айбдоркунандаи давлатӣ нафареро боздошт ва ба ҳабс бигирад.



Шӯҳрат Қудратов, яке дигар аз вакилони дифоъ, бар ин назар аст, ки ҳанӯз ҳам мақом ва нақши вакили дифоъ дар Тоҷикистон на ба он сатҳест, ки дар кишварҳои пешрафта мушоҳида мешавад. Зеро, дар кишварҳои пешрафтаи дунё айбдоркунанда ва сафедкунанда дар назди додгоҳ аз мақоми баробар бархурдоранд ва ба назари касе авлавият дода намешавад, дар ҳоле, ки эътирози айбдоркунандаи давлатӣ дар Тоҷикистон имрӯз низ метавонад иҷрои ҳукми додгоҳро боздорад.



Бо ин ҳол, бештари вакилони дифоъ мӯътақиданд, ки ислоҳоти ворида ба Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятӣ дар ҳоле амалан дар фаъолияти ҳамарӯз татбиқ мешавад, ки қонун дар бораи фаъолияти адвокатҳо низ бо он мутобиқ шавад. Зеро бо гузашти тахминан се ҳафта аз ислоҳоти мазкур ҳанӯз ҳам эҳсос мешавад, ки додрасҳо ба фикру назари намояндаи мақомоти тафтишот аҳамияти бештар медиҳанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG