Пайвандҳои дастрасӣ

Қиссаҳои талхи «Жди меня» дар Хуҷанд


Баҳрӣ Абдураҳмонова, намояндаи барномаи телевизонии "Жди меня" дар Хуҷанд бо номаҳои модарони интизор

Баҳрӣ Абдураҳмонова, намояндаи барномаи телевизонии "Жди меня" дар Хуҷанд бо номаҳои модарони интизор

Баҳринисо Ҳабибуллоева, сокини 53 солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, чор сол аст, ки чашм ба роҳи фарзанди дар муҳоҷират бенишоншудааш ба сар мебарад. Исроил писари 32 сола ӯ соли 2006 ба Маскав муҳоҷир шуда буд.

Ба гуфтаи хонум Баҳринисо,писараш соли 2006 ба шаҳри Маскав рафта ва баъди як соли муҳоҷират дигар ӯ ва пайвандонаш аз Исроил хату хабаре пайдо накардаанд.

Ӯ гуфт: «Дар моҳи ноябри соли 2006 писарам Исроил барои кор ба шаҳри Маскави Русия сафар кард. Соли 2007 маротибаи охир буд, ки мо тариқи телефон бо ҳам муошират намудем. Ба ҳамин се сол мешавад, мо аз ҳолу аҳвол ва дар куҷо қарордоштани Исроил хабаре надорем».

Баҳринисо мегуяд, наберагонаш, яъне фарзандони Исроил, қариб ҳар рӯз аз падар ёд мекунад ва интизоранд, ки рӯзе ҳатман дидори ӯ насибашон мегардад.

Сарнавишти оилаи хонум Баҳринисо ягона нест ва зиёданд он оилаҳое ки барояшон тақдири пайвандони дар муҳоҷират қарордоштаашон норушан боқӣ мондааст, зиёд будааст.

Қиссаҳои талх аз «Жди меня»-и тоҷикон

Дар ҳолест ки Баҳрӣ Абдураҳмонова, сармуҳаррири рӯзномаи «Программа ТВ» ва намояндаи барномаи «Жди меня» и шабакаи аввали Русия дар Хуҷанд мегӯяд, сокинони зиёде барои гирифтани маълумот оид ба фарзандони дар муҳоҷират бенишон мондаашон, муроҷиат мекунанд.

Хонум Абдурахмонова мегӯяд, ки сар аз соли 2006 ба ин ҳол беш аз 600 дархсоти сокинон барои пайдо кардани фарзандон ва ё дигар аъзои хонавода ба дасти ӯ расидааст.

Ӯ мегӯяд: «Ҳамватанони мо барои кор ба хориҷа рафта баъзеи онҳо ҳуҷатҳояшонро гум мекунанд, маҳалли зист ва ё ҷои кори онҳо дақиқ нест. Дар ибтидо тамос мегиранд маблағҳо мефиристанд, баъди чанд муддат дигар занг задану маблағ фиристоданашон қатъ мегардад. Чунин нафаронро аз мақомотҳои дахлдор ба монанди хадамоти муҳоҷират, мақомоти шиносномадиҳӣ пайдо намудан мушкил мегардад. Масалан, ба ман Абдумалик ном ҷавони 16 сола сокини ҷамоати Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат кард, ки 12 сол қабл падараш ба муҳоҷирнати меҳнатӣ ба Русия рафта, аз он ҷо ду маротиба маблағ ирсол намудааст. Баъдтар дар бемористони шаҳри Псков бистарӣ шудааст. Пас аз як моҳи ин ҳодиса аҳлу пайвандони Абдумалик маблағ ҷамъ намуда, ба шаҳри Псков сафар кардаанд, вале мутаасифона беморро пайдо накардаанд. Ва аз он рӯз то ин ҷониб падари Абдумалик беному нишон аст».

Коршиносон мегуянд, ки мақомоти Тоҷикистон барои ҳифзи манофеи шаҳрвандонаш, ки умдатан барои дарёфти кор дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд, кори нишонрасеро анҷом надодааст. Бо вуҷуди ин ҳама мушкилоти боз ҳам ноилоҷ бахши аъзами ҷавонон барои таъмини хонаводаҳои худ рӯ ба муҳоҷират меоранд.

Шарҳи масъулин дар ин бора

Далер Шарипов, як масъули Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд мегӯяд, ки дар муқоисаи солҳои гузашта ҳоло, муҳоҷирати сокинон ба маротиб афзудааст.

Вале ба гуфти ӯ, мақомот ҳоло барои таъсиси ширкатҳои вижаи давлатӣ, ки дар берун аз кишвар, ба ҳифзи манофеъи шаҳрвандони Тоҷикистон пардозад, имкон надорад.


Ӯ мегӯяд: “Ҳоло масоили сафарбаркӯнӣ ва ба кор таъминкунии муҳоҷиронро 15 субъектҳои хоҷагидорӣ ё ширкатҳои мустақил дар вилояти ӯҳда гирифтаанд”.

Назари коршиносон


Сайфулло Эргашев, корманди Иттиҳодияи ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқи инсон» дар Хуҷанд мегӯяд, камбуди ҷойи кор дар Русия шуморе аз муҳоҷирони ҷавони тоҷикро ба мушкилиҳои зиёд мувоҳеҷ кардааст. Аммо масъулини ниҳодҳои давлатии кишвар барои роҳҳали мушкили онҳо ба таври зарурӣ таваҷӯҳ зоҳир намекунанд.

Ӯ мегуяд: «Ба мушоҳида мерасад ки рӯз ба рӯз мушкили муҳоҷирон тоҷик тамоюли навро ба худ мегирад. Аз як тараф, мушкили пайдо кардани кор ва аз ҷониби дигар фаъолияти субъектҳои хоҷагидорист, ки аксар муҳоҷирон аз хизматрасонии онҳо қаноатманд нестанд. Кори баъзе аз миёнравҳо ҳам муҳоҷирони ҷавонро дилсард кардааст. Мутаасифона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба ҳол қонуне қабул карда нашудааст, ки бевосита фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро, ки ба масъалаи таъмини шаҳрвандони кишвар дар хориҷ ба кор машғул ҳастанд, ба танзим дароварда шавад”.

Масъулини хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд аз теъдоди дақиқи афроди гумгаштаи вилоят дар роҳи муҳоҷират изҳорӣ беиттилоӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG