Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо сафири Қазоқистон


Дар мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, бо Абутолиб Ахметов, сафири Қазоқистон, қарор шуд, то ҳайати порлумонии Қазоқистон дар ояндаи наздик меҳмони Душанбе шавад. Ҳамчунин, тавофуқ шуд, ки ҳайати порлумонии Тоҷикистон низ дар миёнаҳои моҳи май дар ҳамоиши порлумонҳои дунё дар Остона иштирок бикунад. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон, ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар ин дидор ҳамчунин аз сатҳи муносибатҳои ду кишвар дар ҳамаи бахшҳо изҳори қаноатмандӣ шуд. Шукурҷон Зуҳуров гуфт, Қазоқистон метавонад дар бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ, корхонаҳои коркарди мева ва ғ., дар Тоҷикистон маблағгузорӣ намояд.
XS
SM
MD
LG