Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи бенизомиҳо дар канори Бишкек


Дар деҳаи Маёвка, воқеъ дар канори шаҳри Бишкек, тақрибан 800 нафар роҳи кафили мири шаҳр Исо Омурқуловро бастанд ва талаб карданд, ки ҳукумати муваққат барои ҳар яки онҳо замин ҷудо кунад. Рӯзи душанбе бар асари бенизомиҳо дар ин деҳа панҷ нафар кушта ва беш аз 40 нафар маҷрӯҳ шуданд. Тақрибан ҳазор нафар талош карданд, ки заминҳои русҳо ва туркҳои месхетии муқими ин деҳаро ғасб намоянд. Чанд манзил ба оташ кашида шуд, даҳҳо нафар боздошт шуданд. Дар ҳамин ҳол имрӯз вазорати умури хориҷии Русия изҳор намуд, ки нооромиҳои ахир дар Қирғизистон алайҳи русҳо равона нашудаанд. Ба иттилоъи вазорат, нооромиҳо аз сӯи гурӯҳи авбошоне созмон дода шудаанд, ки мардумро барои ғасби замин дар канори Бишкек таҳрик додаанд.
XS
SM
MD
LG