Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев ва Каримов вазъи Қирғизистонро баррасӣ карданд


Русия ва Узбакистон манфиатдоранд, ки дар Қирғизистон ҳукумати нерӯманд сари қудрат бошад. Ин изҳороти раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар мулоқоташ бо раҳбари Узбакистон Ислом Каримов дар шаҳри Маскав садо дод. Сарони ду кишвар ба ҷуз масоили марбут ба авзоъ дар Қирғизистон, ҳамчунин мавзӯъи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва афзоиши табодули молу колоро баррасӣ карданд. Ислом Каримов баъд аз зӯҳри рӯзи душанбе барои анҷоми сафари расмии дурӯза вориди Маскав шуд. Ин нахустин сафари як раҳбари кишвари Осиёи Марказӣ баъди аз мақом барканор шудани раисиҷумҳури Қирғизистон Қуромонбек Боқиев дар моҳи равон аст.
XS
SM
MD
LG