Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯиқасд ба ҷони муовини раиси шаҳри Қандаҳор


Мақомоти Афғонистон дар бораи бар асари ҳамлаи афроди ношинос кушта шудани муовини раиси шаҳри Қандаҳор, воқеъ дар ҷануби кишвар, хабар доданд. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ки Азизуллоҳ Зеярмал дирӯз дар ҳоле мавриди тирборон қарор гирифт, ки ба масҷид мерафт. Ба гуфтаи мақомот, Зеярмал дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидааст. Масъулияти ин ҳамларо то ҳол ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст. Вазорати умури дохилӣ изҳор намуд, ки ҳамла ба муовини раиси Қандаҳор кори дасти “душманони Афғонистон” аст – Кобул вақтҳои ахир мусаллаҳони “Толибон”-ро ҳамин гуна ном мебарад.
XS
SM
MD
LG