Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдорӣ бозори "Баракат"-ро тахриб мекунад


Биноҳои бозори “Баракат” ва боздоштгоҳу маҳбаси муваққати воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе ба зудӣ тахриб хоҳанд шуд. Дар ин бора раиси Оҷонси сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон Абдувалӣ Комилов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, бар пояи нақшаи генералии шаҳр, дар ҷойи бозори “Баракат” театр бунёд хоҳад ёфт. Абдувалӣ Комилов афзуд, ки бозори “Баракат” ба дигар минтақаи сераҳолии пойтахт, шояд ба маҳаллаи “Зарафшон”, кӯчонида мешавад. Ҳамчунин тасмим гирифта шудааст, ки боздоштгоҳ ва маҳбаси воқеъ дар кӯчаи Парвин ба қаламрави ноҳияи Ваҳдат кӯчонида шавад, зеро ба гуфтаи раиси Оҷонси сохтмон ва меъморӣ, “маҳбас дар маркази пойтахт барои сокинон ҳамеша хатар эҷод мекунад”.
XS
SM
MD
LG