Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боқиев дар меҳмонии Лукашенко дар Минск


Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус эълон кардааст, ки Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон ва аҳли хонаводааш дар шаҳри Минск, пойтахти Белорус аст ва феълан таҳти муоинаи пизишкон қарор дорад.

Рӯзи душанбе вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон эълон кард, ки Боқиев қаламрави ин кишваро тарк кардааст. Аммо он вақт сухангӯи вазорати хориҷии Қазоқистон нагуфт, ки Боқиев ба қасди кадом кишваре Қазоқистонро тарк кардааст.

Қурмонбек Боқиев баъди ҳашт рӯзи нооромҳои Қирғизистон ва барканор шуданаш аз мақмои раёсати ҷумҳурӣ ба ҷануби Қазоқистон рафта буд.

Ӯ дар пайи ҳаводиси 7 ва 8 -уми апрел дар Бишкек ба ҷануби Қирғизистон рафт ва талош намуд ҳаракати ҷонибдоронашро роҳандозӣ кунад. Аммо баъдтар, дар поёни ҳафтаи гузашта, бо миёнҷигарии Қазоқистон, ки раёсати САҲА-ро бар ӯҳда дорад, аз қаламрави кишвараш берун, ба ҷануби Қазоқистон рафт ва истеъфои худро эълон намуд.

Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, қаблан гуфта буд, агар Қурмонбек Боқиев хоста бошад, омодааст, дар Белорус ӯро пазироӣ кунад.

Текебоев: "Боқиев бояд ба Бишкек истирдод шавад"


Дар ҳамин ҳол, Омурбек Текебоев, муовини раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон, изҳор намуд, ки Бишкек аз Минск хостори истирдоди Қурмонбек Боқиев ба Қирғизистон хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, пайвандон ва ҷонибдорони раисиҷумҳури пешин талош доранд, ки вазъро дар кишвар ноором ва ҷанги шаҳрвандиро ташкил кунанд.

Ҳамзамон Текебоев гуфт, ки ҳузури Боқиев дар Минск ба равобити миёни Қирғизистон ва Белорус латма нахоҳад зад.


Мавҷи тозаи нооромиҳо дар Қирғизистон


Ин дар ҳолест, ки ҳукумати муваққати Қирғизистон саъй дорад назму субот дар канораҳои Бишкек, пойтахти ин кишварро барқарор намояд. Бар асари бархӯрдҳои рӯзи гузашта дар минтақаи атрофи пойтахт, дасти кам се нафар кушта шудаанд.

Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон имрӯз пулиси таъиноти махсус дар деҳаи Майовкаи канори Бишкек садҳо нафарро муҳосира кардааст. Рӯзи душанбе дуздон ва эътирозгарон ба хонаҳои рустаборон ва туркҳои месхетии муқими ин деҳа ҳамла карданд.

Ходимони соҳаи беҳдоштӣ мегӯянд, дар хушунатҳои рӯзи Душанбе камаш се нафар кушта ва 28 каси дигар ҳам маҷрӯҳ шудаанд.
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон мегӯяд, даҳҳо нафарро бо иттиҳоми ширкат дар хушунатҳо боздошт намудааст.

Ҳукумати муваққати Қирғизистон гуфтааст, аносири ҷиноӣ бо истифода аз халои қудрат, саъй доранд бо роҳҳои ғайри қонунӣ соҳиби молу мулк шаванд.

Шиддати муқовимати ҷонибдорон ва мухолифони Боқиев

Дар ҳамин ҳол, дар шаҳри Ҷалолобод, воқеъ дар ҷануби кишвар, муқовимати ҷонибдорони Қурмонбек Боқиев ба ҳукумати нав ҳарчӣ нерӯмандтар мешавад. Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар минтақа Риспей Абдураҳимов мегӯяд, ки рӯзи сешанбе тақрибан 2 ҳазор ҷонибдорони Боқиев талош карданд то бинои раёсати умури дохилаи вилоятро таҳти назорат қарор диҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, Аҳмад Боқиев, бародари раисиҷумҳури пешин дар тазоҳуроти канори бинои раёсати умури дохила ширкат дошт. Риспей Абдураҳимов мегӯяд, “Аҳмад Боқиев ба кормандони раёсати умури дохилаи Ҷалолобод, ки дарҳоро боз карданӣ набуданд, гуфт, ки Боқиев ба шумо бадие накардааст ва аммо шумо худатон дидед, ки чӣ гуна тазоҳургарон дар Талас ба вазири умури дохилаи пештара рафтор карда, ӯро шадидан латукӯб намуданд. Баъд аз ин талаб намуд, ки дарҳои раёсати умури дохилаи Ҷалолободро кушоянд. Ӯ афзуд, ки пас аз панҷ дақиқа меравам ва баъд аз он чӣ ҳодисае рӯй диҳад, ба виҷдону ба масъулияти шумо вогузор мешавад”.

Рӯзи душанбе кафили вазири умури дохилии Қирғизистон Булат Шерниёзов ба хабарнигорон гуфт, ки тибқи иттилоъи онҳо бародарони раисиҷумҳури собиқ – Жаниш, Канибек ва Аҳмад дар кишваранд. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки ҳарсеи онҳо ба зудӣ боздошт мешаванд.

Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, ширкаткунадагони намоиш дар Ҷалолобод бо шиорҳои “Боқиев, раисиҷумҳури қонунӣ”, “Мухолифин мардумро тирборон кардаанд” ва “Пулис ба ҳукумати муваққат, ки сӯи шумо оташ кушодааст, бовар накунед!” ба хиёбонҳо рехтанд. Ду рӯз пеш ҷонибдорони раисиҷумҳури пешин бинои ҳукумати вилоятро ғасб ва намояндаи худро волии Ҷалолобод таъин карда буданд. Айни ҳол, ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, ба назар мерасад, ки ҳукумати муваққат назорат аз болои ин вилоятро аз даст раҳо мекунад.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, вазъ дар атрофи шаҳри Бишкек ҳам ноором боқӣ мемонад. Рӯзи душанбе бар асари бенизомиҳо дар деҳаи Маёвка панҷ нафар кушта ва беш аз 40 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Гуфта мешавад гурӯҳи бузурги афроди норозӣ талош карданд, ки заминҳои русҳо ва туркҳои месхетии муқими ин деҳаро ғасб намоянд. Чанд манзил ба оташ кашида шуд, даҳҳо нафар боздошт шуданд.

Мардуми маҳаллӣ гуфтанд, ки, аз нигоҳи онҳо, талоши ғасби қитъаҳои замин дар ин деҳа як амали тарҳрезишуда буд ва ғосибон на мардуми гирду атроф, балки сокинони дигар вилоёти кишвар буданд. Ба гуфти онҳо, қирғизҳои муқими Маёвка ҳамроҳ бо русҳову туркҳои месхетӣ бо ин ба истилоҳ “меҳмонони нохонда” вориди бархурд шуданд.

Рӯзи сешанбе тақрибан 300 нафар аз онҳо дубора дар канори Бишкек ҷамъ омада хостори раҳо кардани онҳое шуданд, ки як рӯз қабл дастгир шуда буданд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, ҷамъомадагон бо корманди полис вориди бархурд ва баъдан аз сӯи онҳо пароканда карда шуданд.

Имрӯз сафири Туркия дар Бишкек Неҷат Оқсал аз деҳаи Маёвка дидан кард ва мақомоти Қирғизистон хост, ки аз ҳамлаҳои нав ба туркҳои месхетӣ ҷилавгирӣ кунанд.

Расонаҳои чопи Маскав бенизомиҳо дар Маёвкаро чун ҳамла ба русҳо арзёбӣ намуданд. Ҳадди аққал ду нашрияи русӣ - “Комсомолская правда” ва “Московский комсомолетс” имрӯз навиштанд, ки қирғизҳо русҳоро аз кишвар берун карданианд.

Аммо мақомоти Қирғизистон, хушунати қавмӣ дар Маёвкаро рад карда, масъулияти ҳаводиси рӯзи душанберо бар дӯши гурӯҳи авбошону дасисакорҳо гузоштанд. Ҳукумати муваққат изҳор намуд, ки барои таъмин ва ҳифзи таҳаммули қавмӣ дар кишвар аз ҳама чораҳои зарурӣ кор хоҳад гирифт.

Тафсилоти бештар:

Қурмонбек Боқиев Қазоқистонро низ тарк кард


Пасларзаҳои "инқилоби" Қирғизистон
XS
SM
MD
LG