Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳони виртуалии ҷавонони тоҷик


Ховар, ҷавони 27 солаи тоҷик, 12 сол аст, ки дар интернет печидааст ва мегӯяд, тайи ин муддат дар тӯри ҷаҳонӣ, мисли даҳҳо дигар ҳамсолонаш дунёи худро сохтаву бо ҷавонони зиёде дар дохилу хориҷи кишвар равобити дӯстӣ барқарор кардааст.

Ӯ мегӯяд, бо 80 дарсади рафиқонаш маҳз дар ҷаҳони виртуалӣ ошноӣ пайдо карда, ки бо бархеи онҳо ин робита ба як дустии воқеӣ табдил шудааст. Онҳо ҳамеша аз ҳоли ҳам бохабаранд ва дар ҳар иду ҷашнвораҳо ҳамдигарро табрик мегӯянду, дар лаҳзаҳои душвору зарурӣ ҳатман ба ҳам дасти кӯмак дароз мекунанд.

Воқеан, бо рушди фанновариҳои муосир ва дастрасу нисбатан арзон шудани интернет, ҷавонони тоҷик ҳам ҳарчӣ бештар вориди ҷаҳони виртуалӣ мешаванд. Ҷаҳоне, ки ба онҳо имкони васеи дарёфти ҳамақидаву ҳамфикрҳои худ ва барқарорсозии риштаҳои зиёди дӯстиро медиҳад. Ховар, ҳамсӯҳбати мо, мегӯяд, ҷавонон дар интернет маҳз бо таваҷҷӯҳ ба нигоҳу назарҳои ҳам ба мавзӯҳои мухталиф дӯсту рафиқ интихоб мекунанд. Худи Ховар беҳтарин дӯстони виртуалияшро маҳз дар форумҳои мубоҳисавии ҷавонони тоҷик пайдо кардааст.

Абдуқодир, мусоҳиби дигари мо, ки бо тақозои кор бештар аз интернет истифода мебарад, мегӯяд, ба фарқ аз дӯстони воқеӣ ӯ дар сӯҳбат бо дӯстони интернетиаш озодтар аст ва бо афроде бештар ошно мешавад, ки битавонад аз онҳо манфиати маънавӣ бигирад. Ҳарчанд, ба қавли ӯ, ҷавононе ҳам кам нестанд, ки дар интернет рӯзи худро бо сӯҳбатҳои пучу беҳуда сипарӣ мекунанд.

Чунин ба назар мерасад, ки кор ва маҷрои зиндагӣ ҷавононро аз атрофиён ва дӯстони реалияшон то андозае дур месозад ва ин холигиро акнун барои онҳо бештар ҷаҳони интернет пурра мекунад. Дар ин зимн сомонаҳои серистифодаи муоширатӣ, мисли Майл-агент, Скайп, Фейсбук бо ба ҳам овардани онҳо рӯи як хат кӯмак мекунад.

Туйчибой Холиқов, як донишҷӯйи донишгоҳи давлатии Хуҷанд, мегӯяд, маҳз тариқи равобити интернетӣ ӯ ду маротиба ба сафар ва таҳсил дар Амрико даст ёфт ва имрӯз бо афроди зиёде дӯстӣ дорад, ки интернет ба он сабаб шудааст. Аммо, ба ҳар сурат, мегӯяд Туйчибой, дарёфти дӯстони воқеан ҷонӣ дар интернет, ки ғолибан равобити катбӣ ё хаттӣ аст, осон нест. Ӯ дар зимн аз паҳлуҳои манфии муоширатҳои интернетӣ ёдрас мешавад, ки ҷавонон метавонанд таҳти таъсири равонӣ ба доми фиреби афроди мухталиф, ҳатто қаллобону ҷинояткорон афтанд.

Ба эътиқоди бархе аз равоншиносон, аксаран афроде дӯсти ғоибона ҷустуҷӯ мекунанд, ки дар зиндагии воқеъӣ камгапанд ва ҳамсӯҳбати зиёд надоранд. Вале, ба ҳар сурат, аксарият ба ин навъи ҷадиди дӯстӣ бовар доранд.

Зимнан, интернет дар баробари робитаҳои корӣ ва як роҳи нави пайдо кардани рафиқу ҳамнишин, ҳамчунин боиси бунёд шудани чандин оилаҳо ҳам шудааст. Ҳарчанд, роҷеъ ба паёмади чунин издивоҷҳо назарҳо мухталифанд, аммо Ховар, мусоҳиби аввалии мо ва мудири сомонаи мубоҳисавии ҷавонони тоҷик мавум ба “Таҷфорум”, мегӯяд, дӯстони зиёде дорад, ки тариқи интернет ва ба хусус сомонаҳои муоширативу мубоҳисавӣ, ба ҳам меҳр баставу, оиладор шудаанд ва хушбахт ҳам ҳастанд.
XS
SM
MD
LG