Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари расмии Ислом Каримов ба Русия


Имрӯз, 20-уми апрел, раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва ҳамтои узбаки ӯ Ислом Каримов дар Кремл "ҳамкориҳои ду кишвар дар риштаи обу энержӣ, густариши ҳамкориҳои саноатӣ ва вазъи Афғонистону Қирғизистон"-ро баррасӣ кардаанд.

Хабаргузориҳо менависанд, масъалаи қарордодҳои миёна ва дарозмуддати фурӯши гази Узбакистон ба Русия, вазъи кори ширкатҳои русӣ дар Узбакистон ва хариди пахта ё пунбадонаи Узбакистон аз тарафи ширкатҳои Русия низ аз ҷумлаи мавзӯъҳои сӯҳбати Ислом Каримов дар Маскав будааст.

Мақомоти расмии Русия ба хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфтаанд, дар анҷоми сафари раисҷумҳури Узбакистон аз Русия қарор аст, Эъломияи муштараки ду раисҷумҳур ва як силсила созишномаҳои дигари ҷонибҳо ба имзо расанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, табодули коло миёни Русия ва Узбакистон дар соли 2009 беш аз дувуним миллиард долларро ташкил додааст, ки дар қиёс бо соли 2008 24 дарсад камтар будааст.

Дар Узбакистон ширкатҳои бузурги русӣ фаъолона кор мебаранд. Аз ҷумлаи ширкатҳои бузурги русие, ки дар Узбакистон ҳузур доранд, "Аэрофлот", "Трансаэро", "Вимм-Билль-Данн", "Билайн", "МТС", "Лукойл" ва "Газпром" мебошанд. Танҳо сармояҳои "Лукойл" дар Узбакистон, бино бар оморҳо, то ба бештар аз 800 миллион доллар мерасидааст. "Газпром" бошад дар соли 2010 15,5 миллиард куб гази узбакиро харидорӣ хоҳад кард.

Русия дар баҳсҳои марбут ба бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистону Қирғизистон аз мавзеъи Тошканд, ки ба ин тарҳҳо шадидан мухолиф аст, пуштибонӣ кардааст. Коршиносон мегӯянд, президент Каримов, ки ду бор Медведевро дар Тошкант пазироӣ кардааст, тавонистааст, ки дар баҳсҳои минтақавии худ бо ҳамсояҳояш Кремлро ба ҷониби худ моил созад.

Ин сафар ҳаштумин сафари Ислом Каримов ба Русия дар бист соли раҳбарияш будааст. Охирин бор ӯ ба Русия дар ду соли пеш, қабл аз интихоботи раисҷумҳурӣ омада буд ва он замон бо ҳарорат дар мавриди боқӣ мондани Владимир Путин дар сари қудрат сухан мегуфт.

Дар моҳи январи соли 2009 Дмитрий Медведев нахустин бор ба Тошкант рафт ва дар он сафараш аз мавқеъи Узбакистон оид ба нерӯгоҳҳои барқи обии Осиёи Марказӣ ҳимоя кард. Ин ҳимояи ошкоро аз Узбакистон ҳавои муносиботи Русияро бо Тоҷикистон сард сохт ва дар пайи он Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, сафари худ ба Маскавро ба таъвиқ андохт.

Ин ин ҳама ба он маъно нест, ки Тошканд ва Маскав дар ҳамаи масоил наӯзари яксон доранд ва ихтилофи назаре миёни онҳо вуҷуд надорад.

Узбакистон дар соли гузашта ба тасмими СПАД дар мавриди таъсиси нерӯҳои вокуниши сареъи ин созмон мухолфиат кард ва барои ширкат дар он шароити худро пе гузошт. Шароите, ки аз сӯи дигар мавриди қабули бақияи аъзо, хоса Русия нашуд.

Яъне наздикии Маскав ва Тошкант дар мавзӯъҳои обиву энержӣ муносибати Узбакистонро нисбат ба нерӯҳои вокуниши сареъи Паймони амнияти дастаҷамъӣ тағйир надод ва Тошкант нерӯҳои худро вориди ин созмон накард.

Тошканд ҳамчунин ба пешниҳоди истиқрори пойгоҳи нерӯҳои СПАД дар ҷануби Қирғизистон низ мувофиқат накардааст.

Каримов дар талоши ҷалби ҳимояти бештари Маскав

Санавбар Шерматова, таҳлилгари умури Осиёи Миёна мегӯяд, Ислом Каримов барои он ба Маскав омадааст, ки равобиту муносиботи дуҷонибаро беҳбуд бахшад.

Ӯ мегӯяд: "Дар давоми як-ду соли ахир тавозуни муносибот барҳам хӯрда буд. Далел ин ст, ки муносибот бадтар шуд ва гоҳо ба ҳолати рукуд даромад. Масалан, дар матбуоти Русия матолиби зиёд ба нашр мерасид ва дар онҳо аз Ӯзбекистон ва раҳбарияти он интиқод мекарданд. Ман фикр мекунам, ки ҳоло фурсати беҳбуди густариши равобит ва ҳалли масъалаҳои миёни ду кишвар фаро расидааст".

Баъд аз саркӯбии тазоҳуроти эътирозии Андиҷон дар соли 2005 ва интиқоди шадиди Ғарб аз Ӯзбекистон барои поймоли ҳуқуқи башар, Ӯзбекистон нисбат ба Русия нармиш нишон дод ва рӯ ба Русия овард.

Маҳз баъд аз интиқоди Ғарб Ӯзбекистон пойгоҳи низомии Амрикоро дар Хонобод баст. Ин пойгоҳи ҳавоӣ ба нерӯҳои эътилофи зидди террор дар Афғонистон кӯмак мекард.

Баъд аз рӯйдодҳои Андиҷон дар соли 2005 Ӯзбекистон дубора ба Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ва ба ЕврАзЕС ё созмони ҳамкории иқтисодии АврОсиё даромад. Ӯ қаблан аз ин ду паймони ҳамкорӣ берун шуда буд.

"Намунаи ҳушдори Маскав ба Тошканд"

Вале Артём Улунян, таърихшинос ва коршиноси масоили сиёсии Русия аз Фарҳангистони улуми Русия мегӯяд, баъд а ҳодисаҳои Қирғизистон барои Русия баҳонае пайдо шудааст, ки метавонад ба Ӯзбекистон ҳушдор диҳад ва сардии муносибот бо Русия чӣ пайомаде метавонад дошта бошад, то Ӯзбекистон муносиботашро бо Ғарб густариш надиҳад.

Ӯ мегӯяд: "Албатта, масъалаҳои обу энержӣ хеле муҳим аст. Аммо дар шароити кунунӣ ҳамаи таваҷҷуҳ ба масъалаҳои Қирғизистон баргаштааст, ба сиёсатҳои ҳукумати нави ин кишвар, аз ҷумла ҳамкориҳои Қирғизистон бо Амрико ва Русия ва ҳузури пойгоҳи низомии Амрико дар хоки Қирғизистон. Барои касе махфӣ нест, ки ин масъала яке аз нигарониҳои ҷидди Маскав аст ва ҳамеша ин масъаларо матраҳ мекунад. Ин масъала Ӯзбекистонро низ нигарон кардааст. Пас оё Ӯзбекистон омода аст бо Аврупо ва Амрико ҳамкорӣ кунад ё хайр?"

Идомаи баҳси обу сарбандҳо

Таҳлилгарони дигари минтақа мегӯянд, ки Ислом Каримов дар ҷараёни ин боздидаш аз Русия хоҳад хост, ки дар рақобатҳои Ӯзбекистон бо Тоҷикистону Қирғизистон Маскав аз мавзеъгирии Ӯзъбекистон ҳимоят кунад.

Вақте, ки Маскав барои сохтмони ниругоҳи Қамбаротаи Қирғизистон ваъдаи кӯмаки молӣ кард, Ӯзбекистон аз Маскав хашмгин шуда буд. Ҳоло миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон низ бар сари сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғун мухолифатҳо идома дорад.

Тошканд даъво мекунад, ки бо итмоми сохтмони Роғун об ба Ӯзбекистон камтар меравад ва мазореаш камоб мемонад.

"Имрӯз Боқиев - пагоҳ Каримов". Тазоҳурот алайҳи Каримов дар Маскав


Рӯзи 19-ӯми апрел дар назди истгоҳи метрои Новокузнетскаи Маскав тақрибан 20 нафар даст ба тазоҳуроти эътирозӣ заданд. Онҳо бо худ шиоре доштанд ва дар он навишта шуда буд: "Имрӯз Боқиев - пагоҳ Каримов".

Санавбар Шерматова, таҳлилгари умури Осиёи Марказӣ дар Маскав мегӯяд, чунин тазоҳурот паёме ба Каримов аст. Ва Русия ҳам бо ин гуна тазоҳуротакҳо, мехоҳад ба Каримов бигӯяд, ки бубин, дар кишвари ту ҳам мушкил вуҷуд дорад.

Маскав бо чунин ишораҳо мехоҳад аз Каримов эътирофот ё посух бигирад.
XS
SM
MD
LG