Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишгоҳи Хуҷанд ба муаллимони худ компютер меомӯзад


Донишгоҳи давлатии Хуҷанд тасмим гирифт, то муаллимони худро ба олами компютер ва шабакаи ҷаҳонӣ раҳнамоӣ кунад. Нахустин гурӯҳи муаллимон ҳамин моҳ бо курси омузиши компютеру Интернет фаро гирифта шуда, омӯзиши донишҷӯён аз моҳи сентябр оғоз хоҳад ёфт.

Низомиддин Зоҳидов, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, гуфт, ноогоҳии қисме аз донишҷӯён ва муаллимони донишгоҳ ба чунин иқдом водор кардааст. Ба гуфтаи вай, дар навбати аввал устодон ба тариқи ройгон ба курси кӯтоҳмуддат фаро гирифта мешаванд. Аммо дар сурати нокомӣ маблағи таҳсили дуюмро аз кисаи худ пардохт хоҳанд кард. Зоҳидов гуфт, гузаштани донишгоҳ ба усули нави кредитии таълим, ки наздик ба тарзи таълими мактабҳои олии кишварҳои ғарбӣ аст, дастрасӣ ба фанновариҳои ҳозирзамони таълимиро тақозо мекунад.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров аз бузургтарин мактабҳои олӣ дар Тоҷикистон ҳисоб меёбад ва дар он наздики 8.5 ҳазор донишҷӯ таҳсил, беш аз 800 муаллим фаъолият мекунанд. Донишҷӯён дар 420 гурӯҳи академикӣ 60 ихтисос меомӯзанд.

Дастрасӣ ба компютер дар оғози асри 21 дар ҷараёни умумии компютерикунонии мактабҳои оливу миёнаи Тоҷикистон оғоз шуда, дар ҳоли ҳозир 9 синфхонаи дорои 300 компютер ба истифода дода шудааст. Шумораи комютер назар ба донишҷӯёну муаллимон хеле кам аст. Аммо мақомоти донишгоҳ мегӯянд, дар чанд соли оянда таълимгоҳи худро бо компютер таъмин хоҳанд кард ва то он вақт ҳама муаллимон ва донишҷӯён истифодаашро аз худ кунанд.
XS
SM
MD
LG