Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари расмии президенти Узбакистон ба Русия


Сафари расмии раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов ба Маскав оғоз ёфт, ки дар ҷараёни он ҳамкориҳои ду кишвар дар риштаи обу энержӣ, густариши ҳамкориҳои саноатӣ ва табодули назар дар робита ба вазъи Афғонистону Қирғизистон мақоми муҳим хоҳанд дошт. Рӯзи сешанбе, Каримов бо президенти Федерасюни Русия, Дмитрий Медведев ва сарвазири ин кишвар, Владимир Путин мулоқот хоҳад кард. Эҳтимол меравад, масъалаи қарордодҳои миёна ва дарозмуддат фурӯши гази Узбакистон ба Русия, вазъи кори ширкатҳои русӣ дар Узбакистон ва хариди пахта ё пунбадонаи Узбакистон аз тарафи ширкатҳои Русия низ баррасӣ шаванд. Русия дар баҳсҳои марбут ба бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистону Қирғизистон аз мавзеъи Тошканд, ки ба ин тарҳҳо шадидан мухолиф аст, пуштибонӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG