Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи конфаронси навбатии масъалаҳои Афғонистон


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон, гуфт, нақша дорад, дар конфаронси байнулмилалии масъалаҳои Афғонистон дар 20-уми июл ширкат варзад. Дар ин бора Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида барои Афғонистон, Ричард Ҳолбрук иттилоъ дод. Вай гуфт, конфаронси Кобул дар ивази мулоқоти вазирони умури хориҷӣ, ки барои охири моҳи май таъин шуда буд, баргузор мегардад. Ҳолбрук ҳамчунин ишора кард, ки ин нишаст ба дунболи чандин гуфтушунид, аз ҷумла сафари раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай ба Вашингтон дар 10-14-уми май ва ҷиргаи сулҳи афғонҳо дар 20-уми май ба вуқӯъ хоҳад пайваст.
XS
SM
MD
LG