Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди артиш ба шаҳракҳои атрофи Бишкек


Дар ҳоле ки шаҳракҳои атрофи Бишкекро полис ва нерӯҳои мусаллаҳ дидбонӣ мекунанд ва полис даҳҳо нафар аз ошӯбгаронро боздошт кардааст, Ҳукумати муваққати Қирғизистон изҳор дошт, эътидол дар кишварро таъмин ва ҳар шахсеро, ки хилофи қонун рафтор мекунад, муҷозот хоҳад кард. Роза Отунбоева, раҳбари ҳукумати муваққати Қирғизистон дар як паёми телевизионӣ аз шаҳрвандон хост, аз ҳама гуна амалҳои ғайриқонунӣ худдорӣ кунанд. Вай ҳамчунин эълон кард, ки иҷрокунандаи вазифаи вазири умури дохилӣ, Болот Шерниёзовро, ки раҳбари аввалин тазоҳурот дар Талас буд, аз мақомаш барканор кардааст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти амниятӣ аз нақши Шерниёзов дар латукӯби собиқ вазири умури дохилӣ, Молдамусо Конгантиев ва дигар ашхоси расмӣ шикоят кардаанд. Отунбоева ҳамчунин ба таъсиси Шӯрои имдод дар Вазорати умури дохилӣ даъват кард, ки бояд аз ҳисоби вазирони собиқ таъсис ёфта, ба таъмини субот ва амният дар кишвар мусоидат кунад.
XS
SM
MD
LG