Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳурот дар назди сафорати Беларус дар Бишкек


Даҳҳо нафар дар назди сафорати Беларус дар Бишкек ҷамъ омаданд ва ба изҳороти ахири Лукашенко эътироз баён карданд. Раисиҷумҳури Беларус, Аляксандр Лукашенко президенти барканоршудаи Қирғизистон, Қурманбек Боқиевро ба кишвари худ даъват кард, вале ҳамзамон гуфт, ӯро ҳамоно президенти Қирғизистон мешуморад.Тазоҳуркунандагон аз ҳукумати муваққати Қирғизистон талаб карданд, расман аз Лукашенко шарҳу тафсири изҳороташро тақозо кунанд. Сафири Беларус дар Қирғизистон, Виктор Дянисенко ба тазоҳуркунандагони гуфт, Боқиев дар Беларус нест. Президенти собиқи Қирғизистон шоми рӯзи душанбеқаламрави Қазоқистонро низ тарк карда, аммо ба куҷо рафтани ӯ маълум нест.
XS
SM
MD
LG