Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон зидди бознигарӣ ва таҳрифи таърих аст


Тоҷикистон ҳама гуна талошҳои бознигарии таърихи Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ва таҳрифи натиҷаҳои онро маҳкум мекунад. Гуфт муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Абдулло Юлдошев дар нишасти хабарӣ дар Душанбе. Вай афзуд, набояд нақши мардуми шӯравӣ дар пирӯзӣ бар фошизм нодида ё кам гирифта шавад. Интизор меравад, сарони Тоҷикистон дар ҳамоишҳое ба муносибати 65-умин солгарди пирӯзӣ бар фошизм ширкат кунанд. Зиёда аз 170 ҳазор нафар аз фарзандони Тоҷикистон дар ин ҷанг ширкат карда, сеяки онҳо кушта шудаанд. 55 тоҷик ва аксари онҳо баъд аз маргашон ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гаштаанд. Ахиран дар Русия, пирӯзӣ танҳо ба иродаи қавӣ ва ҷанговарии халқи рус нисбат дода мешавад.
XS
SM
MD
LG