Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли ду раҳбари Ал-Қоида дар Ироқ


Сарвазири Ироқ, Нурӣ ал-Моликӣ ва ҳарбиёни Иёлоти Муттаҳида аз қатли ду раҳбари маҳаллии Ал-Қоида дар як амалиёти муштарак дар шимоли Ироқ истиқбол карданд. Ҳарду, Абӯаюб ал-Масрӣ ва Шайх Абуумар ал-Бағдодӣ дар вилояти Салоҳиддини Ироқ пас аз расидани иттилоъ аз манобеъи иктишофӣ мавриди ҳамла қарор гирифтанд ва кушта шуданд. Ноиб-президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷо Байдн аз ин рӯйдод ситоиш кард ва онро аломати тақвияти нерӯҳои амниятии Ироқ номид.
XS
SM
MD
LG