Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инифҷори ду бензинкаши НАТО дар Покистон


Ду мошини бензинбари нерӯҳои НАТО дар шимолуғарби Покистон аз тарафи ситезаҷӯён тарконда шудаанд. Бар асари таркиш шаш нафар замхӣ гаштааст. Мақомоти вилояти Хайбар мегӯянд, дар ин мошинҳо барои нерӯҳои НАТО дар Афғонистон маводи сӯхт интиқол дода мешуд. Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Афзоиши чунин ҳамлаҳо сабаб гаштааст, ки Паймони Атлантики Шимолӣ ва Иёлоти Муттаҳида аз шимол ба воситаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Афғонистон роҳи нави икмолотӣ боз кунанд.
XS
SM
MD
LG