Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвозҳо дар фазои Аврупо оғоз меёбанд


Иттиҳоди Аврупо ба эҳёи парвозҳо дар фазои Аврупо, ки аз бими партовҳои вулқони Исландия онро ба 80 дарсад баста буд, ризоият дод. Фурудгоҳҳо дар чанд кишвар, аз ҷумла Австрия ва Ҷумҳурии Чех ба кор даромаданд ва бахши дигари онҳо имрӯз боз мешаванд.Фаронса, Британия ва Олмон дар давоми рӯзи сешанбе ботадриҷ ба парвозҳо иҷоза хоҳанд дод. Ин дар ҳолест, ки бино бар хабари марказҳои ҳавошиносӣ абрҳои наве иборат аз хокистари вулқон ба самти Британия дар ҳаракат аст ва миллионҳо мусофир дар фурдгоҳҳои баста интизори парвоз ба манзиланд.
XS
SM
MD
LG