Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти ҷавонони Самара ва тақозояшон аз ҳукумат


Бештар аз 500 фаъоли ҳаракатҳои ҷавонон дар шаҳри Самара бо баргузории тазоҳурот, хостори кӯмакҳои бештар аз ҳукумат шуданд. Ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ, рӯзи якшанбе гуфтанд, ҳукумати федерол бояд “ҷавононро ба ҳайси як бахши ҷасуру, фаъол, муттаҳарик ва андешаманди” ҷомеа эътироф кунад. Бо вуҷуди ин ба гуфтаи тазоҳургарон, барои ин ҷавонон пайдо кардани кори муносиб, таъсиси хонавода ва узви комили ҷомеа шудан бисёор сахт аст. Ҷавонони тазоҳургар шиор медоданд, ки “ҳукумате, ки ғами ояндаи ҷавононро намехӯрад, ба онҳо даркор нест.” Фаъолони ҳаракатҳои ҷавонон бо имзои муроҷиатномае аз мақомот хостаанд, ки ба хотири онҳо кори бештар кунад ва гуфтаанд, ки ин муроҷиатномаро ба унвони раиси ҷумҳур Дмитрий Медведев мефиристанд.
XS
SM
MD
LG