Пайвандҳои дастрасӣ

Зардорӣ қонуни муҳими Покистонро имзо кард


Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон, имрӯз бо имзои қонуне раҳбари давлатро аз ҳаққи барканории нахуствазир ва аз ҳаққи пароканда намудани порлумон маҳрум намуд. Қонуни конститутсионии мазкурро, вакилони палатаҳои поёниву болоии порлумони Покистон ҳамин моҳ тасвиб карданд ва ҳадаф аз он костани салоҳиятҳои раиси ҷумҳур аст, ки раҳбарони низомӣ Парвиз Мушарраф ва Зиёулҳақ доштанд. Бар асоси ин санад, номи Вилояти Марзии Шимолу Ғарбии Покистон ба Хайбар Пахтунхва табдил дода мешавад. Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон, тасвиби ин қонунро, “пирӯзии демократия” хондааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG