Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи Азиза аз Русия барои тарғиби дини ислом


Ҳомиёни ҳуқуқи Созмони «Мемориал» аз ихроҷи Азиза Сангинова, як духтари 27-солаи тоҷик, аз Русия дар робита ба фаъолиятҳои динии ӯ изҳори нигаронӣ мекунанд.

Онҳо мегӯянд, Азиза Сангинова ба далели ин, ки раҳбарии занони мусулмони шаҳри Сиктивкари Русияро бар ӯҳда дошта, ба таблиғи дини ислом машғул будааст, аз ин кишвар хориҷ шудааст.

Вале масъулони додгоҳи шаҳри Сиктивкар сабаби ихроҷи Азиза Сангиноваро ба нақзи қоидаҳои будубош дар Русия рабт медиҳанд ва мегӯянд, ӯ бо асноди тақаллубӣ дар ин кишвар ба сар мебурдааст.

Қурбони пайомадҳои таркишҳои Маскав


Эрнест Мезок, намояндаи созмони “Мемориал”, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, азбаски бо ташвиқи Азиза занони зиёде дар Сиктивкар дини исломро пазируфта буданд, ӯ қурбонии маъракаи ҷустуҷӯи террористзанҳои эҳтимолӣ пас аз таркишҳои Маскав шуд.

Вай афзуд, “пас аз таркишҳои метро дар Маскав ҳукумат ба ҳама шаҳрвандони ғайрируси мусулмон бо шубҳа менигарад. Азиза бошад раиси ҷамоаи занони мусулмон дар Сиктивкар интихоб шуда буд ва Қуръону забони арабиро хуб медонист. Воқеан аз ҷониби вай баъзе аз қонуншикании на чандон ҷиддии иқомат сурат гирифтааст, аммо ба ягон амали дигари хилофи қонунҳои Русия роҳ надодааст. Мо ба Азиза тавсия додем, ки қаламрави Русияро тарк кунад. Вай боз имкони баргаштан ба Русияро пайдо хоҳад кард”.

Бино ба иттилои Эрнест Мезок, нисбати Азиза ва дугонаи вай, ки исломро пазируфтааст, кормандони хадамоти муҳоҷират ва дигар мақомдорон бисёр дурушт муносибат кардаанд. Ҳатто дар боздоштгоҳ бо таҳдид аз дасти Азиза шиносномаашро маҷбуран гирифта, дӯгонаи ӯро мавриди бозпурсӣ қарор додаанд,ки бо кадом ҳадаф исломро қабул кардааст.

Азиза Сангинова ду соли пеш ба дунболи шавҳараш аз шаҳри Хуҷанд бо ду фарзанд барои кор ба шаҳри Сиктивкар рафтааст.
Вай дар Хуҷанд мадрасаи диниро хатм кардааст ва бинобарин сокинони Сиктивкар ӯро раиси ҷамоаи занони мусулмон интихоб намудаанд.

Тақозои ҷамъияти мусалмонони Сиктивкар

Фарид Ҳоҷӣ Иброҳим, раиси ҷамъияти мусалмонони Сиктивкар, мегӯяд, бинобар фурӯтанӣ ва худотарсияш Азизаро ҳама дӯст медоштанд ва ба ӯ эҳтиром қоил буданд. Ба гуфтаи Фарид Ҳоҷӣ Иброҳим, онҳо аз номи ҷамъият ба додгоҳи ин вилоят нома фиристода, хостори иҷозаи будубош барои Азиза шудаанд.

Вай афзуд, “аммо мутасиффона ин хоҳиши мо ба инобат гирифта нашуд. Азиза танҳо ба хоҳишмандон оятҳои Қуръонро шарҳ медод, чун ин фарзи ҳар як фарди мусулмон аст. Ва дар ин рафтори Азиза ягон амали ҷиноӣ набуд. ”

Ихроҷи Азиза аз Русия дар ҳолест, ки даҳҳо созмонҳои динии ғайрисиломии марбут ба масеҳиҳо дар Тоҷикистон фаъолияти густурда мебаранд. Намояндагони ин созмонҳо бар изофаи ин, ки дар калисоҳои махсуси худ ба ибодат машғуланд, ҳамчунин дар кӯчаҳо мардумро ба дини худ таблиғ мекунанд ва адабиёти мазҳабии худро мефурӯшанд.

Бештари рӯҳониёни мусулмон дар мавъизаҳои худ борҳо аз ҳузури ин гурӯҳҳои таблиғгари масеҳӣ изҳори ташвиш кардаанд. Дар баробари фаъолияти ин гурӯҳҳо фишоре анҷом намешавад, зеро қонунҳои Тоҷикистон интихоби дину мазҳабро кори шахсии ҳар як шаҳрванд медонад. Мардуми мусулмони Тоҷикистон чун анъана ба пайравони дигар мазҳабҳо бо таҳаммул муносибат мекунанд ва то ҳол дар ин кишвар шоҳиди хушунатҳои мазҳабӣ нашудааст.

Бино ба пажӯҳишҳои бархе аз таҳлилгарони мустақил, имрӯз дар Тоҷикистон шумори нафароне, ки ба адёни дигар гаравидаанд, то 100 ҳазор нафар мерасад, ки аксарият ҷавонон будаанд.
XS
SM
MD
LG