Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боронгарӣ ва обхезии ҳафтаи ахир беш аз ҳазор манзили зисти сокинонро дар минтақаи Кӯлоб хароб кардааст.

Дар ҳамин маврид Саидумар Сафаров, сардори идораи ширкати давлатии суғурта дар минтақа мегӯяд, бар асари офати табии 30 дар сади хонаҳои мардум дар панҷ ноҳияи минтақа комилан ва боқӣ қисман зиён дидааст. Аммо ба гуфтаи ӯ, ҳоли ҳозир идораи суғурта тасмим дорад, то ба 400 хонаводаи осебдида, ки бо ширкати онҳо қаблан шартнома баста будаанд, кӯмак кунад.

Ҷаноби Сафаров инчунин афзуд, ки онҳо имкони ба дигар зарардидагони офати табии кӯмак кардан надоранд. Ӯ мегӯяд, “мо танҳо ба ин оилаҳои зарардида, ки шартнома доштанд, 87 ҳазор сомонӣ ҷудо кардем. Дигар ба онҳое, ки шартнома надоранд, чизе дода наметавонем, агар ягон фармони махсус набарояд”.

Аммо ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар паи ҳисоби хисороти офати табии ҳастанд ва тасмим доранд, пас аз дақиқ шудани зарари расида аз ҳукумати марказӣ ва созмонҳои мададрасон кӯмак талаб кунанд.

Дар ҳамин ҳол Абдуҷаббор Бобохонов, сокини рустои Чорбоғи ноҳияи Восеъ мегӯяд, ҳарчанд, манзилаш ғайриқобили зиндагӣ бошад ҳам, вале комиссиун ӯро ҳамчун шахси зарардида сабти ном намекунад. Ӯ мегӯяд, “намояндагони ҳукумат омада диданд, вале хонаи маро ҳамчун хонаи шахси зарардида ба қайд нагирифтанд. Аз одамоне, ки аз ман камтар зарар дида буданд, ҳамчун зарардида қайд шудааст, вале чанд нафари сокинони деҳа бо сабабҳои номаълум сабт нагрдидааст.”

Аммо Султон Валиев, раиси ноҳияи Восеъ, ки аҳолиаш дар паи офатҳои табии аз ҳама беш зарар дидааст, мегӯяд, дар сурати ҳисоб шудани зарар ба ҳама сокинон кӯмаки баробар расонида хоҳад шуд.

Таърихи рӯзи 17 ва 18-уми март бар асари туғёни рӯдхонаи Сурхоб 57 хонаи дигар дар деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ зарар дида, 253 сар молу гови мардумро об бурдааст. Тибқи иттили расмӣ, офати табии ба сокинони навоҳии Восеъ, Шӯрообод, Мӯъминобод ҷиддӣ зарар расонидааст. Аҳолии ноҳияи Ҳамадонӣ, Балҷувон ва шаҳри Кӯлоб низ қисман соеб дидаанд.

Офатии табии ба ҷуз зиён ба беш аз ҳазор ҳектор замини кишти мардум дар навоҳии минтақаи Кӯлоб, инчунин талафоти ҷонӣ низ дар пай доштааст. Сел ду нафарро дар ноҳияи Шӯрообод ва як нафарро дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҳалок ба ҳалокат расонидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG