Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пасларзаҳои "инқилоби" Қирғизистон


Рӯзи душанбе садҳо нафари мусаллаҳ бо калтаку санг бо моликони замин дар рустои Майовкаи канораи шаҳри Бишкек бархӯрд карда, сипас барои гуфтӯгу бо мақомоти расмӣ ба самти пойтахти Қирғизистон ҳаракат намуданд.

Баъди ошӯби тарафдорони мухолифин дар Қирғизистон, ки раиси ҷумҳурро ба истеъфо маҷбур кард, авзоъ дар ин кишвар ҳанӯз ҳам бесубот боқӣ мемонад. Имрӯз дар шаҳрҳои гуногуни Қирғизистон бо талабҳои гуногун тазоҳурот баргузор шуд.

Аз ҷумла дар як рустои наздики шаҳри Бишкек, ҷанҷол бар сари замин ба задухӯрд бо нерӯҳои пулис печид ва дар ҷануби Қирғизистон тарафдорони раиси ҷумҳур роҳпаймоӣ карданд. Ин дар ҳолест, ки давлати муваққат дар Қирғизистон мегӯяд, авзоъ дар тамоми кишварро таҳти контрол дорад.

Ошӯби бехонаҳо барои замин

Хабарнигорони бахши қирғизии Радиои Озодӣ мегӯянд, ошӯбгарон, қароргоҳи ҳукумати маҳаллиро оташ зада, чанд мошинро хароб карда ва ба сӯи роҳгузарон санг андохтанд. Онҳо дар шаҳри Бишкек дафтари кории Исо Омурқулов, шаҳрдори муваққатро муддати кӯтоҳе муҳосира карданд ва ӯ ваъда додааст, ки барои харидани хона ба онҳо, қарзҳои боимтиёз медиҳад.

Издиҳоми мазкур баъди чанд соат аз бетартибӣ пароканда шудааст ва мақомоти интизомӣ ҳам ба онҳо дахолат накардаанд. Ба гуфтаи хабарнигорони Радиои Озодӣ, аксари ошӯбгарон, афроди иҷоранишин ва бе хонаи хусусӣ будаанд.

Исо Омурқулов дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ он гурӯҳро, “иғвогароне” номид, ки ба гуфтаи ӯ талош доштанд, бо ғасби замин, авзоъро дар кишвар ноором кунанд.

Ӯ гуфт: “Дар Бишкек чаҳор ё панҷ маҳалле ҳаст, ки мардум бо фишори гурӯҳҳои муташаккил мекӯшанд, то заминҳоро ғасб кунанд. Ду маҳалли дигар дар атрофи Бишкек ба ҷомеаҳои маҳаллӣ тааллуқ дорад. Заминҳое, ки худсарона ишғол шуданд, барои бунёди мактаб ва кӯдакистонҳо пешбинӣ шудааст”.

Ҷанҷол барои замин дар Қирғизистони кӯҳистонӣ, ки замини ҳамвори кам дорад, зиёд мушоҳида мешавад.

Тазоҳурот дар Ҷалолобод, Ботканд ва Ӯш

Дар ҷануби Қирғизистон дар зодгоҳи раиси ҷумҳур Қурмонбек Боқиев, тарафдорони ӯ ба тазоҳурот идома доданд. Ҳудуди 1000 нафар дар майдони марказии Ҷалолобод ҷамъ омада ва ҳукумати муваққатиро маҳкум ва ба тарафдории Боқиев шиор доданд.

Теъдоде аз онҳо аз раиси ҷумҳур мехостанд, ки ба кишвар бозгардад. Рӯзҳои истироҳати гузашта, тарафдорони Боқиев, қароргоҳи ҳукумати минтақавиро ишғол намуда ва раиси дилхоҳи худро таъйин намуданд.

Тазоҳуроти дигар дар шаҳрҳои Ӯш ва Ботканд ҳам баргузор шуд. Чандсад нафар аз кормандони ниҳодҳои интизомӣ дар шаҳри Ӯш ҷамъ омада, аз давлати муваққат хостанд, то ҳуқуқи онҳоро ҳимоят кунанд. Онҳо гуфтанд, нерӯҳои амниятӣ набояд барои аҳдофи сиёсӣ истифода шаванд.

Таъйини шаҳдори нав дар шаҳри Қизилқиё дар вилояти Ботканд низ сабаби тазоҳурот дар ин шаҳр шуд. Тазоҳургарон нашузоштанд, то Элмира Орипова, шаҳрдори нав ба қароргоҳаш ворид шавад.

Боқиев Қазоқистонро ҳам тарк кард


Аммо ин ҳам дар ҳоле сурат мегирад, ки худи Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон, баъди чанд рӯзи иқомат дар Қазоқистон, ин кишварро низ тарк кардааст.

Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон, ки маълум нест феълан дар куҷо ба сар мебарад
Илёс Умаров, сухангӯи вазорати умури хориҷии Қазоқистон дар ин бора гуфт: “Бале онгуна ки шумо медонед, Қурмонбек Боқиев чанде пеш вориди Қазоқистон шуд ва дар шаҳри Тароз истод. Ӯ қаламрави кишварамонро тарк кард, вале ман намедонам ба куҷо, рафт, зеро доир ба ин чизе нагуфт. Зоҳиран ӯ кишварро рӯзҳои истироҳат тарк кардааст”.

Ҳоло маълум нест, ки Қурмонбек Боқиев дар куҷост. Аммо Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус рӯзи якшанбе дигарбора гуфт, кишвараш омода аст, Қурмонбек Боқиевро бо хонаводааш бипазирад.

Ӯ гуфт, ҳанӯз ҳам Боқиевро раиси ҷумҳур эътироф мекунад ва ӯ ҳамроҳи писари 5-сола ва духтару ҳамсараш будааст.


Вазири умури дохилии Қирғизистон ба истеъфо рафт

Булат Шерниёзов, ки ҳукумати муваққат ӯро вазири умури дохилӣ таъйин карда буд, таҳти фишори милисаҳои норозӣ маҷбур ба истеъфо шуд. Милисаҳои эътирозгар даъвои ғайриҳирфаӣ будани Булат Шерниёзовро пеш гузошат буданд. Ба муқобили ӯ дар Бишкек, Ҷалолобод ва Ӯш милисаҳо эътироз намуда буданд.

Боқит Алинбеков, ки то кунун масъулияти муовини аввали вазирро бар дӯш дошт, вазири умури дохилии Қирғизистон таъйин шудааст.

Тафсилоти бештари таҳаввулоти Қирғизистон:

Вокунишҳо ба хуруҷи Боқиев аз Қирғизистон
XS
SM
MD
LG