Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: "Бунёди корхонаи нави атомӣ шурӯъ шуд"


Дастёри аршади Маҳмуди Аҳмадинажод, мегӯяд, Эрон ба бунёди як корхонаи нави атомӣ шурӯъ хоҳад кард, бо ин ки ҷомеаи байналмилал аз Эрон хостааст, фаъолиятҳои ҳассоси атомиашро муттавақиф кунад. Муҷтабо Самора Ҳошимӣ, ба хабаргузории ИЛНО гуфтааст, раиси ҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод, макони корхонаи нави ғанисозии ураниумро таъйид кард ва сохтмони он шурӯъ шудааст. Эрон, ки ҳоло ураниумро дар таъсисоти атомии Натанз, ғанисозӣ мекунад, моҳи ноябр эълом дод, ки қасд дорад, 10 таъсисоти нави ғанисозии ураниум бисозад. Аъзои доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал барои сарпечии Эрон аз боздоштани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум, ҳоло доир ба эъмоли даври чаҳоруми таҳримоти байналмилалӣ алайҳи Эрон гуфтӯгу доранд. Ин кишвар мегӯяд, ҳадафҳои барномаҳои атомиаш сулҳомез аст.
XS
SM
MD
LG