Пайвандҳои дастрасӣ

Бозшумории баргаҳои раъйи интихоботи Ироқ


Кумиссиёни марказии интихоботи Ироқ дастур додааст, то орои интихоботи порлумонии рӯзи 7 март дар шаҳри Бағдод бозшуморӣ шавад. Ҳамдия ал-Ҳусейнӣ, намояндаи кумиссиён, гуфт, бозшумории баргаҳои раъй, фавран шурӯъ хоҳад шуд. Аз пойтахти Ироқ 68 нафар вакил ба порлумони дорои 325 курсӣ интихоб мешавад. Эътилофи Нурӣ ал-Моликӣ, ки дар интихобот дар ҷойи дуввум омад, талош дошт, то баргаҳои раъй дастӣ шумурда шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG