Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нохушнудии Қибриси юнонӣ аз таҳаввулоти ...


Ҳукумати Қибриси юнонӣ, пирӯзии миллатгароёни турк дар раъйдиҳии барои раҳбарии Қибриси туркнишинро “таҳавуллоти манфӣ” хонд. Дар раъйгирии рӯзи якшанбе дар Қибриси туркнишин, Дарвеш Эроғлӯ пирӯз омад, ки дар гузашта тарафдори истиқоли ин бахши Қибрис буд. Ӯ дар раъйгирӣ, Маҳмад Алӣ Талъат, раиси ҷумҳури феълии Қибриси туркнишинро, шикаст дод, ки барои музокирот бо ҳукумати Қибриси юнонӣ, саъй дошт. Дарвеш Эроғлӯ баъди пирӯзиаш гуфт, аз гуфтӯгу бо Қибриси юнонӣ даст нахоҳад кашид, ки ҳукумати онро ҷомеаи байналмилал эътироф намудааст ва ҷазираи ягонаи Қибрисро дар Иттиҳодияи Аврупо намояндагӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG