Пайвандҳои дастрасӣ

Вилояти Самангони Афғонистон имрӯз ларзид


Заминларзае имрӯз, манотиқи марказии Афғонистонро такон дода ва дасти кам 7 нафарро кушт. Пажӯҳишгоҳи геологии Амрико мегӯяд, маркази заминларзаи бо нерӯи 5, 3 дараҷа, вилояти Самангон, 190 километрии шимолуғарби шаҳри Кобул, будааст. Ғулом Сахӣ, муовини волии Самангон, гуфт, бар асари фалокати табиӣ се ноҳия қисман зиён дидаанд. Бими он меравад, ки теъдоди қурбониён хоҳад афзуд, зеро бар асари заминларза, роҳ ба сӯи яке аз ноҳияҳо масдуд шудааст.
XS
SM
MD
LG