Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши чашмгири салоҳиятҳои раиси ҷумҳури Покистон


Интизор меравад, ки имрӯз Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон, қонунеро имзо кунад, ки раҳбари давлатро аз ҳаққи барканории нахуствазир ва пароканда намудани порлумон маҳрум хоҳад кард. Қонуни конститутсионии мазкурро, вакилони палатаҳои поёниву болоии порлумони Покистон ҳамин моҳ тасвиб карданд ва ҳадаф аз он костани салоҳиятҳои раиси ҷумҳур аст, ки раҳбарони низомӣ Парвиз Мушарраф ва Зиёулҳақ доштанд. Бар асоси ин санад, номи Вилояти марзии шимолу ғарбии Покистон ба Хайбар Пахтунхва табдил дода мешавад. Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон, тасвиби ин қонунро, “пирӯзии демократия” хондааст.
XS
SM
MD
LG