Пайвандҳои дастрасӣ

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки як ҳайати Тоҷикистон, зери раҳбарии Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири кишвар барои ширкат дар нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба Тошканд меравад.

Абдулло Юлдошев, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, мушкили пешомада дар равобити ин кишвар бо Ӯзбакистонро танҳо марбути идораи Роҳи оҳан ва ё мушкили ниҳодҳои дипломатӣ намеҳисобад.

Оқои Юлдошев гуфт, ин мушкил аз чаҳорчӯби ниҳодҳои алоҳида берун шуда ва дар сатҳи ҳукуматҳо ҳаллу фасли худро интизор аст. Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз истифодаи таъбири «мушкили сиёсӣ» парҳез кард, аммо бо ишора таъкид кард, ки мушкил амиқ шудааст.

Ба қавли шореҳон, бурузи ихтилоф миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон тайи ду соли ахир ва ҳарчи бештар амиқтар шудани он ба тасмими давлати Тоҷикистон дар робита ба бунёди мустақилонаи нерӯгоҳи Роғун марбут аст. Ӯзбакистон мухолифати худ ба ин сохтмонро ҳам дар дохил ва ҳам дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ пинҳон надоштааст.

Аммо баъд аз он ки давлати Тоҷикистон барои сохтмони ин нерӯгоҳ ба ҷалби сармояи мардумӣ низ даст зад, Ӯзбакистон тронзити вагонҳои ҳомили бори Тоҷикистон аз қаламрави худро иҷоза надод. Дар ҳоли ҳозир, беш аз 2 ҳазор вагонҳои бори Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар боздошт шудаанд.

Аммо, бо вуҷуди ин ихтилофот, бархе коршинсон бар ин назаранд, ки мушкил миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон мушкили маснуъист ва роҳи асосӣ нишасти ҳарду ҷониб дар сари мизи музокирот аст.

Комёб Ҷалилов, коршиноси тоҷик, мегӯяд, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба ҷуз аз роҳи гуфтушунид ва музокира чорае дигар надоранд. Ӯ бар ин бовар аст, ки ҷалби миёнарав ва ё тарафи сеюм барои ҳалли ихтилофот бар манфиати ҳарду ҷониб тамом нахоҳад шуд.

Муовини аввал вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои наздик ҳайате аз ҷониби Тоҷикистон зери раҳбарии Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазир, барои азсаргирии кори Комиссияи муштараки байнидавлатӣ озими Тошканд мешавад. Вай гуфт, ин нахустин иқдоми амалӣ барои коҳиши шиддати мухолифатҳо хоҳад буд.

Имрӯзҳо ниҳодҳои дипломатии ҳар ду кишвар, сафорати Ӯзбакистон дар Тоҷикистон ва сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбакистон ба таври ҷиддӣ машғули таҳияи аснод мебошанд.

Ба гуфтаи муовини вазири корҳои хориҷӣ, танҳо дар ҳафтаи сипаришуда миёни вазири хориҷии Тоҷикистон ва сафири Ӯзбакистон дар Тоҷикистон се маротиба мулоқот доир шуд.

Муовини вазири хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки ҳайати ин кишвар ба Тошканд бо бастаи пешниҳодҳо сафар хоҳад кард, вале ӯ дар бораи замони дақиқи шурӯъи музокирот ва масоили мавариди баҳси он нахост, ки маълумот бидиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG