Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин ниммарафони байнулмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки 17-уми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии Тоҳир Мамашев (Қазоқистон) ва Надежда Поволяева (Русия) ба анҷом расид.

Ғайрат Неъматов, муовини сардовари ин мусобиқа, ба радиои Озодӣ гуфт, «дар ин пойгаи давандаҳо 107 варзишгар, аз он ҷумла 16 нафар занон, аз бародаршаҳрҳои пойтахти Тоҷикистон, монанди Маскав ва Санкт-Петербурги Русия, Урумчии Чин, Бишкеки Қирғизистон, Остонаи Қазоқистон ва Теҳрону Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат карданд. Аммо аксари кулли ширкаткунандагони пойгаро варзишгарони тоҷик ташкил доданд, ки онҳо аз манотиқи мухталифи кишвар буданд».

Оқои Неъматов афзуд, ниммарафон, ки масофаи 21 километру 97 метрро дар бар гирифт, аз рӯи масири дав – Ипподроми Душанбе – хиёбони Ҳофизи Шерозӣ - маҳаллаи Хоҷамбиё – дидбонгоҳи Чорбоғ –- хиёбони Рӯдакӣ - майдони «Дӯстӣ» (назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ) – доир шуд.

Дар сабқати мардон Тоҳир Мамашев (Қазоқистон) бо натиҷаи 1 соату 07 дақиқаю 10 сония мақоми аввалро касб кард. Юрий Чечун (Қирғизистон) бо натиҷаи 1.08.57 ҷои дуюмро соҳиб шуд. Александр Кротович (Санкт-Петербург) бо натиҷаи 1.09.48 дар ҷои сеюм қарор гирифт. Денис Багрев (Қирғизистон) бо натиҷаи 1.09.56 чаҳорум шуд. Солтиболдӣ Ҳаитов (Тоҷикистон) бо натиҷаи 1.12.12 панҷумин шуда ба марра расид. Муслими Ниёздӯст (Шероз) бо натиҷаи 1.13.39 ҷои шашумро азони худ кард.

Дар сабқати занон Надежда Поволяева (Маскав) бо натиҷаи 1 соату 22 дақиқаю 27 сония ғолиб омад. Мария Малишева (Санкт-Петербург) бо натиҷаи 1.33.01 ҷои дуюмро касб намуд. Ран Ронг (Урумчӣ) бо натиҷаи 1.35.33 дар ҷои сеюм қарор гирифт. Надима Мирзоева (Душанбе) бо натиҷаи 1.37.12 чаҳорум шуд. Хосият Тошева (шаҳри Турсунзода) бо натиҷаи 1.41.21 ҷои панҷумро соҳибӣ кард. Нодира Мирзоева (Душанбе) бо натиҷаи 1.49.59 шашумин шуда ба марра расид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, ба ғолибони пойга байни мардону занон 15330 сомонӣ (3500-долларӣ) супурд. Онҳое, ки ҷойҳои дуввумро гирифтанд, бо 13140 сомонӣ (3000-долларӣ) мукофотонида шуданд. Барои ҷойҳои сеюм бо 10950 сомонӣ (2500-долларӣ), ҷойҳои чаҳорум бо 8760 сомонӣ (2000-долларӣ), ҷойҳои панҷум бо 7884 сомонӣ (1800-долларӣ) ва ҷойҳои шашум бо 6570 сомонӣ (1500-долларӣ) сарфароз гаштанд.
XS
SM
MD
LG