Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо: амнияти мусофиронро ба хатар намеандозем


Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, бо вуҷуди амиқтар рафтани бӯҳрон дар арсаи ҳавопаймоӣ, амнияти мусофиронро зери хатар нахоҳад гузошт ва азсаргирии дубораи парвозҳо бо шитобзадагӣ набояд сурат бигирад. Парвозҳо дар Аврупо ба думболи вулқони Исланд қатъ шудаанд.

Дар айни ҳол, Хоакин Алмуниа, кумиссионери умури рақобат дар Иттиҳодияи Аврупо, гуфт, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ки аз бӯҳрон зиён дидаанд, ҳаққи дарёфти кӯмакҳои давлатиро хоҳанд дошт.

Чанд рӯз боз аст, ки бисёре аз ҳарими ҳавоии кишварҳои аврупоӣ, бинобар паҳн шудани хокистари як вулқон дар Исландия баста мемонад.

Ширкатҳои ҳавопаймоӣ бар асари муттавақиф шудани парвозҳо, ҳар рӯз тақрибан 250 миллион доллар зиён мебинанд. Иттиҳодияи байналмилалии ҳавонавардӣ имрӯз амалкарди ҳукуматҳои Аврупо дар расидагӣ ба бӯҳронро “ғайриҳирфаӣ” хонда ва хост то бо андешидани иқдомоти мушаххас қаламравҳои ҳавоиашонро дар наздиктарин фурсат барои парвоз боз кунанд.

Ширкатҳои бузурги ҳавопаймоӣ гуфтанд, ки парвозҳои озмоишӣ, ҳеҷ гуна таъсири бади хокистарро нишон надод, аммо як мақоми баландпояи Амрико гуфтааст, ки дар муҳаррики як ҳавопаймои низомии F-16 НАТО таҳшини хокистар ёфт шудааст.

200 миллион доллар зиён ва парвозҳои озмоишӣ

Дар ҳоле ки Булғористон аз ҳаракати абри партовҳои вулқони Исландия ба самташ изҳори нигаронӣ карда, фазояшро барои парвозҳо баст, Созмони байналмилалии ҳавопаймоии ғайринизомӣ гуфт, бо вуҷуди коҳиш наёфтани партови хокистар ба ҳаво густариши абр ба шарофати сустии шамол қатъ гашт.

Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Луфтҳанза (Олмон) ва КЛМ (Ҳолланд) дар фазоҳои осебдида парвозҳои озмоишӣ анҷом доданд ва гуфтанд, ки парвозҳо ба таври маъмулӣ сурат гирифт.

Тибқи гузоришҳо, ин офат ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳар рӯз беш аз 200 миллион доллар зарар меоварад. Рӯзи шанбе, 17-уми апрел, дастикам 17 ҳазор парвозҳо дар саросари Аврупо лағв шуда, рӯзи якшанбе, 18-уми апрел, низ ин ҳолат идома ёфт. Миллионҳо мусофир маҷбур буданд, барои идомаи сафарашон аз қатор, автобус, киштиҳо ва мошинҳо истифода баранд.

Лағви парвозҳо аз тариқи Аврупо ба ҷадвали кории баъзе раҳбарони кишварҳои ҷаҳон низ тағйирот ворид кард. Раисҷумҳури Амрико Барак Обама, садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раҳбари Фаронса Никола Саркозӣ натавонистанд дар расми дафни раисҷумҳури Лаҳистон Лех Качинскӣ ширкат варзанд.

Шумо ва ё дӯстонатон аз ин вазъ мушкил доштед? Аз таҷрибаи худ бигӯед.
XS
SM
MD
LG