Пайвандҳои дастрасӣ

Ду таркиш дар хобгоҳи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав


Бар асари инфиҷон дар хобгоҳи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав се шаҳрванди Тоҷикистон шадидан захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи шоҳидон субҳи рӯзи якшанбе ду сартарошидаи рус ба ин бино наздик шуда, аз тиреза ду бомбаи худсохтро ба хобгоҳи мардикорони тоҷик партофтаанд. Полис тахмин мезанад, ки нерӯи таркишҳо ба истифодаи аз 200 то 500 грам тротил баробар будааст. Захмиён ба бемористон интиқол ёфта, вазъи яке аз онҳо сангин мебошад. Дувумӣ аз як чашми худ маҳрум шудааст. Бино бар омори расмӣ, дар соли 2009 аз Русия ба Тоҷикистон 784 тобути муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла 51 муҳоҷирзан оварда шудааст, ки бахши аъзами онҳо аз тарафи нажодпарастон ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG