Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии номзади миллатгаро дар интихоботи туркҳои Кипр


Ҳукумати юнонии Кипр ё Қибрис, пирӯзии миллатгарои туркро дар интихоботи президентии туркҳои Кипр як таҳаввулоти манфӣ номид. Дар ин интихобот Дарвеш Эроғлу, ки қаблан аз истиқлолияти комили туркҳои Кипр ҳимоят мекард, бо тафовути хеле кам рақиби худ Меҳмет Алӣ Талъатро, ки хостори гуфтушунид бо ҳукумати юнонии Кипр аст, шикаст дод. Аммо пас аз эълони ин пирӯзӣ Эроғлу изҳори умедворӣ кард, ки гуфтушунидро баҳам нахоҳад зад. Сарвазири Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ин робита чунин паём дод:

"Мақсади мо дарёфти роҳи ҳал то поёни имсол аст. Бояд ба натиҷае расид, онгуна ки дар гуфтушунид бо дӯстонамон бармеояд. Зеро боқӣ мондани мушкил ҳарду ҷонибро нороҳат нигоҳ медорад."


Ҳукумати юнонии Кипр ҳушдор додааст, ки агар мушкил ҳал нашавад, ба узвияти Туркия дар Иттиҳоди Аврупо мухолифат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG