Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус омодааст, Қурманбек Боқиевро бипазирад


Раисиҷумҳури Беларус, Аляксандр Лукашенко гуфтааст, омодааст, раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон Қурманбек Боқиевро дар Беларус бипазирад. Расонаҳои хабарӣ мегӯянд, Лукашенко гуфтааст, Боқиевро ҳамчун азизтарин меҳмон ва дӯсту ҳамкори хеш хоҳад пазируфт. Вай афзудааст, "агар президенти Қирғизистон ва хонаводаи ӯ ба ҳимоят ва кӯмак ниёз доранд, Беларус пешкаши онҳост." Боқиев баъд аз 8 рӯзи ошӯбҳои хунини Қирғизистон, ки беш аз 80 кушта ба ҷо гузошт, кишварашро тарк кард ва Қазоқистони ҳамсоя паноҳ бурд.
XS
SM
MD
LG