Пайвандҳои дастрасӣ

Хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ тибқи нақша идома дорад


Фармондеҳи аршади нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, хуруҷи нерӯҳо аз Ироқ бино бар ҷадвали муайяншуда идома дорад. Генерал Рей Одерно гуфт, агар дар вазъи амниятии Ироқ тағйири ҷиддие пеш наояд, нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида тибқи нақша аз ин кишвар берун хоҳанд рафт. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар Ироқ 95 000 сарбози амрикоӣ ба сар мебаранд. Вашингтон қасд дорад, то моҳи август ин шумораро ба 50 000 нафар коҳиш диҳад ва то поёни соли 2011 ҳамаи нерӯҳоро аз Ироқ хориҷ кунад. Изҳороти Одерно дар ҳоле садо медиҳад, ки худи ӯ низ бояд тибқи нақша дар поёни тобистон ба Иёлоти Муттаҳида баргардад.
XS
SM
MD
LG