Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкатҳои ҳавопаймоӣ иҷозаи парвоз мехоҳанд


Ширкатҳои ҳавопаймоии Аврупо ба мақомоти давлатӣ фишор меоранд, то масирҳои парвоз, ки ба иллати партовҳои вулқони Исландия баста шудаанд, боз шаванд. Бунгоҳи назорати парвозҳо дар Аврупо мегӯяд, рӯзи чаҳорум аст, ки 80 дарсади фазои Аврупо барои ҳавопаймоҳо бастааст. Рӯзи якшанбе ба ҷои 24 ҳазор парвози маъмулӣ ҳамагӣ 5 ҳазор парвоз сурат гирифтааст. Дар натиҷа ширкатҳо ҳамарӯза 200 миллион доллар зарар мебинанд. Ширкатҳои "Бритиш Эйрвейз", "Эйр Франс", "КЛМ" ва "Люфтҳанза" мегӯянд, парвозҳои озмоишӣ анҷом додаанд ва зоҳиран абри хокистар ба парвозҳо халал нарасондааст. Аммо коршиносон бар инанд, ки ин хокистар ба муҳаррики ҳавопаймоҳо хатари ҷиддӣ дорад.
XS
SM
MD
LG