Пайвандҳои дастрасӣ

Корманди мактаб 212 миллион доллар бурид


Сокини аёлати Ню Ҷерсии Амрико, корманди кумитаи яке аз мактабҳои ҳамагонӣ, Сандра Макнейл, дар як лаҳза ба миллионер табдил ёфт. Ба лоторея ё баргаи толеъсанҷии ӯ 212 миллион доллар бурд афтод. Вай гуфт, ин баргаро рӯзи 13 март, дар ҳоле харид, ки мехост, бо худ пули майда дошта бошад. Пас аз супурдани молиёт ҳамагӣ 107 миллион доллар насиби Сандра мешавад. Аммо ӯ норозӣ нест ва шукр мегузорад. Ҳар сол дар Амрико аз 3 то 5 нафар дар бозии толеъсанҷӣ бурдҳои бисёрмиллиондолларӣ ба даст меоранд, аммо таҷриба нишон медиҳад, ки аксари онҳо пас аз чанд сол аз нав ба назди тағораи шикастаи худ бармегарданд.
XS
SM
MD
LG