Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лех Качинский ва ҳамсараш ба хок супурда шуданд


Имрӯз Лех Качинский-раиси ҷумҳури Полша ва ҳамсари вай дар шаҳри Краков дар қасри Вавел дар калисо дар паҳлӯи шоҳон ва қаҳрамонҳои Полша ба хок супурда шуданд. Бо дафни Качинский як ҳафтаи мотами фоҷеаи 10-ӯми апрел дар Полша ба поён расид. 10-ӯми апрел дар наздикии шаҳри Смоленски Русия ҳавопаймои раиси ҷумҳури Полша бо 95 нафари дигар аз шахсиятҳои маъруфи сиёсву низомӣ ва мазҳабии Полша суқут кард ва ҳамаи сарнишинон кушта шуданд. Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар маросими дафн ширкат кард. Вале гарду дуди ғализи вулкани Исландия бар фарози Аврупо имкон надод, ки Барак Обама -раиси ҷумҳури Амрико, Никола Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса, Ангела Меркел-нахуствазири Олмон ва даҳҳо нафари дигар аз раҳбарон дар маросими дафни Качинский ҳузур ёбанд. Ширкати Медведев дар ин маросим гувоҳи беҳбуди муносиботи Русияву Полша арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG