Пайвандҳои дастрасӣ

3 италявӣ дар Афғонистон аз боздошт раҳо шуданд


Имрӯз Франко Фраттинӣ-вазири корҳои хориҷаи Италия гуфт, 3 корманди имдоди италявӣ, ки 10-ӯми апрел дар Афғонистон боздошт шуда буданд, бо кӯмаки мақомоти Афғонистон раҳо шудаанд. Ин 3 нафар дар вилояти ноороми Ҳилманд барои ширкати ғайридавлатии "Emergency," кор мекарданд. Онҳо дар суиқасде барои куштори волии вилоят гумонбар дониста мешуданд. Ҳоло дар Афғонистон ҳудуди 3000 нируи Италия мустақар мебошад.
XS
SM
MD
LG