Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тобути Качинский барои дафн ба Краков интиқол ёфт


Имрӯз ҳазорон нафар сокинони Полша барои ширкат дар маросими дафни Лех Качинский-раиси ҷумҳури ин кишвар ва хонуми вай дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Краков гирдиҳам омадаанд. Онҳо ҳангоми пазироӣ аз корвони мошинҳои ҳомили ду тобут ва гуселкунандагон дар роҳ ба сӯи марқад ба ифтихори Качинский каф заданд, дастагулҳо нисор карданд ва парчамҳои сурхро ба эҳтизоз дароварданд. Тобути Качинский ва хонумашро ҳавпаймои низомӣ аз Варшава ба Краков овард. 10-ӯми апрел ҳавопаймои онҳо дар шаҳри Смоленски Русия ба садама дучор шуд ва 94 нафари дигар як ҷо бо онҳо кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG