Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷагирии Муҳиддин Кабирӣ аз як соли кори ҲНИТ


Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар ҷаласаи фаъолони ин ҳизб муҳимтарин дастоварди як соли ахири кори ҲНИТ-ро ҷалби ҷавонон ва таҳкими эътимоди мардум ба ин ҳизб номид.

Дар ин ҷаласа, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, ҳудуди 1000 нафар аз фаъолону ҷонибдорони ҳизб ва намояндагони созмонҳову иштирок доштанд.

Муҳиддин Кабирӣ раиси ҲНИТ оид ба фаъолияти яксолаи ҳизб сухан ронда, солҳои охири фаъолияти ҳизбро як имтиҳони ҷиддӣ барои ҳизб номид. Вай гуфт, ҲНИТ тавонист баъди реҳлати пешвои мазҳабӣ Сайид Абдулоҳи Нурӣ худро аз хавфи парокандашавӣ ва заифӣ эмин нигоҳ дорад ва нерӯи сиёсии қавӣ будани худро нишон диҳад.

Ба қавли ӯ, муҳимтарин дастовард дар ин панҷ сол ҷалби ҷавонон ба ҳизб аст ва ҲНИТ тавонист, ки бо роҳандозии барномаҳои созанда дари ин самт ноил шавад ва бисёре аз ҷавононро ба суфуфи хеш бипавандад.

Дастоварди дигари ҲНИТ, ба гуфтаи ҷаноби Кабирӣ, эътимодсозӣ дар дохили ҳизб, ҷомеаи кишвар ва дар сатҳи байналмилалӣ буд. Вале, мегӯяд ӯ, Ҳизби наҳзат натавонистааст эътимоди элитаи ҳукмрони Тоҷикистонро ба даст биёрад. Муҳиддин Кабирӣ афзуд, «аз муносибате, ки имрӯз элитаи сиёсии кишвар бо ҲНИТ дорад, мо дар ҳиҷолат ва нороҳатем. Зеро ин гуна шеваҳои муносибат на муносиби элитаи ҳукумрон аст».

Интиқод аз интихоботи парлумонӣ

Муҳиддин Кабирӣ бо ишора ба интихоботи парлумонии моҳи феврал гуфт, ки дар таърихи ҲНИТ бори аввал аст, ки ақаллиятҳои миллӣ ва интихобкунандагоне, ки диди дунявӣ доранд, ба ҲНИТ раъй додаанд. Ва ҳизб барномаҳои худро бо забонҳои ақаллияти миллӣ низ нашр кардааст.

Ба гуфти пешвои ҲНИТ, фазои эътимод миёни ҳукумат ва ҲНИТ то рӯзи интихобот ба назар мерасид, вале рӯзи интихобот ва баъди натиҷаи он равшан шуд, ки элитаи сиёсӣ ҷасорати эътирофи пирӯзии Ҳизби наҳзатро надорад. Вай афзуд, «интихобот нишон дод, ки ҳама аҳду паймонҳои созишномаи истиқрори сулҳ барбод рафтанд».

Муҳиддин Кабирӣ он нуқтаро, ки гӯё ҲНИТ ҷасорати дифоъ кардани амонати мардумро надорад, рад кард ва гуфт, ки Ҳизби наҳзат ҷасорати дифоъ кардани амонати интихоботиро дар ҳифзи суббот, амният, ҳамзистии мусолиҳатомез медонад.
Парвиз Мулоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ, мегӯяд, бо чунин мавқеъгирии Кабирӣ дар қиболи элитаи сиёсӣ дар муносиботи ду ҷониб ягон тағйирот нахоҳад шуд. Вай афзуд, "ин рисолати ҳар як ҳизби сиёсӣ аст, ки бояд чунин ҳарфҳоро гӯяд, вагарна ҲНИТ чаро дар рӯзҳои интихобот ҳеҷ иқдоми ҷиддиеро натавонист нишон диҳад?"

Барномаҳои нави ҲНИТ

Пешвои ҲНИТ дар ин нишаст ду барномаи нави кори ҳизбро муаррифӣ кард, ки аз худсозӣ ва мардуммеҳварӣ иборат аст. Ба гуфтаи ӯ, барномаи худсозӣ ба саҳнаи сиёсӣ ворид кардани аъзои ҳизбро дар назар дорад ва тибқи барномаи дуввум, бояд мардум дар меҳвари барномаҳо ва сиёсатҳои мо бошад.

Вай гуфт, ҳизб агар то ба имрӯз бештар ба ниёзмандиҳои маънавӣ, мазҳабӣ, фарҳангӣ, расидагӣ мекард, акнун доираи фаъолияти он фарох гардида, хостаҳои иқтисодӣ, иҷтимои ва ҳуқуқии ҳар як шаҳрванди кишварро низ ҳимоя хоҳад кард. Зеро табиист ки инсон танҳо ниёзмандии мазҳабӣ надорад, иқтисодӣ ва ҳуқуқи ҳам дорад.

"Миллатҳо бедор шудаанд"


Муҳиддин Кабирӣ аз ҳаводиси Қирғизистон ёдовар шуда, афзуд, ки миллати қирғиз вазъи иҷитимоӣ ва иқтисодаш баробар ба миллати тоҷик буд. Ва элитаи сиёси Қирғизистон ҳам хост бо низом як миллати сархам ва тӯдаро бисозад. Аммо миллати қирғиз ба ин роҳ надод.

Вай гуфт, миллатҳо бедор шудаанд ва ҷаҳон дигар шудааст. Ва бо усулҳои кӯҳна ба хотири манфиатҳои гурӯҳӣ ва хоҳишӣ намешавад, ин миллатҳоро тӯда гардонид. Ба миллати тоҷик ҳам бо фарҳанги озодманишиаш набояд беэҳтиромӣ кард.

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари масоили сиёсӣ, мегӯяд, ки дар ҳоле интиқоди Кабирӣ нисбати элитаи ҳукмрон баланд мешавад, ки баҳсҳои интихобот пушти сар шудааст. "Ва ин аз дипломатияи хоси Кабирист, ки медонад кадом ҳарфро дар кадом вазъ гуфт. Вале аз ин ки Кабирӣ омилҳои ба вуҷуд омадани инқилоб дар Қирғизистонро ба вазъи Тоҷикистон тавъам донистааст, ин ҳӯшдории Кабирӣ ба худ ва роҳбарияти кишвар аст" меафзояд ӯ. Ба қавли коршинос, ин маънои онро дорад, ки дар оянда таҳаввулот дар Тоҷикистонро низ метавон интизор шуд.
XS
SM
MD
LG