Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жанишбек-бародари Боқиев аз гуфтугӯ даст кашид


Жанишбек Боқиев-бародари Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон гуфтааст, ки аз САҲА дархости кӯмак хоҳад кард. Тибқи дастури ҳукумати муваққати Қирғизистон бар зидди вай парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва мақомоти интизомӣ барои боздошт вайро ҷустуҷӯ мекунанд. Вай зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар деҳааш Тейит, воқеъ дар вилояти Ҷалолобод гуфтааст, қаблан ризоят дода будааст, ки бо намояндагони ҳукумати муваққат вориди музокира мешавад, вале баъд аз боздошти вазири дифоъ ин тасмимашро ботил эълон кардааст ва омода нест бо касе аз ҳукмати муваққат гуфтугӯ кунад.
XS
SM
MD
LG