Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маънавӣ дар Афғонистон тақаллубкоронро ошкор мекунад


Раиси нави кумиссиюни интихоботии Афғонистон қавл додааст, афродеро, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар тақаллуб даст доштаанд, аз мақомашон барканор мекунад. Фазл Аҳмад Маънавиро, ки қозии додгоҳ буд, Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон раиси кумиссиюни интихоботӣ таин кард. Маънавӣ гуфт, то ҳол амният хатари ҷидӣ барои баргузории интихоботи озоду одилона боқӣ мемонад. Вай зимни мусоҳиба бо хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки талош хоҳад кард, дар таркиби кормандони кумиссиюн тағирот ворид орад ва шахсони дастдошта дар тақаллубро ошкор созад.
XS
SM
MD
LG