Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малйзия роҳи оҳани Тоҷикистон-Чинро месозад?


Малайзия ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки омода аст аз Тоҷикистон то Чин роҳи оҳан бисозад. Дар ин бора хабаргузории РЕГНУМ-и Русия хабаре чоп кардааст. Малайзия баъд аз омӯзиши тарҳҳои нақлиётӣ ва энержии Тоҷикистон ин тасмими худро эълон кардааст. Дар ин бора ҷониби Тоҷикистон бо Ҳамид Муҳаммад-мудири иҷроии ширкати "Амон"-и Малайзия музокира анҷом додааст. Ҷониби Тоҷикистон ба пешниҳоди Малайзия посухи мусбат додааст ва гуфтааст, омода аст бо Малайзия дар ин заминаҳо кор кунад.
XS
SM
MD
LG