Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони кории тоҷик ба Арабистони Саудӣ мераванд


Хабаргузории "Балт Инфо" навиштааст, моҳҳои наздик аввалин гурӯҳи муҳоҷирони кории тоҷик ба Арабистони Саудӣ мераванд. Ин кишвар ризоят додааст, ки метвонад аз Тоҷикистон то як миллион муҳоҷири кориро бипазирад. Ҳоло ин муҳоҷирон давраи омодагиро сипарӣ мекунанд ва ҳамзабон забонҳои арабиву англисиро меомӯзанд. 1200 нафар дар давраҳои мухтасари омӯзишӣ дар Душанбе таҳсил мекунанд. 1250 нафари дигар ба сафар омдагӣ мегиранд. Муҳоҷирони кории тоҷик дар Арабистони Саудӣ андовачӣ, деворзан, ронанда ва амсоли он хоҳанд буд.
XS
SM
MD
LG